Ин дақиқаҳо вохӯрии фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ ва Раҳимбердӣ Дуйшенбиев дар Исфара ба итмом мерасад. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи мавҷуда дар марзро баррасӣ ва табдирҳои муштарак бобати ба эътидол овардани вазъ дар онро таҳия намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳо дар бораи роҳандозии ҳамкории муштарак ба хотири таъмини амну субот дар минтақаҳои баҳсии марз ба мувофиқа расиданд. «Дар фурсати наздиктарин аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ оид ба ҳамкорӣ санади дахлдор ба имзо мерасад», - иброз дошт манбаъ.

Бинобар сабаби пушти дарҳои пӯшида сурат гирифтани гуфтушунид, манбаъ аз шарҳи ҷузъиёти дигари он худдорӣ варзид.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта , 14-уми январ низ дар Ботканд вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Раҳимбердӣ Дуйшенбиев бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ доир гардида буд.

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов имрӯз дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ намуд, ки сафоратхона дар Бишкек бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар назди бинои сафоратхона ягон ҳодиса ё гирдиҳамоие ба вуқӯъ напайвастааст.

Зимни нишасти хабарии рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта прокурори вилояти Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонов изҳор намуд, ки аз рӯи далели муноқишаи чанде қабли мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.