Шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз 15-уми январ мақомоти раҳбарии хадамоти марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон ҷиҳати баррасии вазъи кунунӣ дар марзи давлатии кишварҳо сари мизи гуфтушунид менишинанд.
Дар иттилои Хадамоти мазкур изҳор мегардад, ки дар робита ба вазъи мавҷуда дар марз ва ҳамчунин саҳеҳ намудани маълумоти расида аз марзбонони тоҷик зимни вохӯрии намояндагони хадамоти марзбонии ҷонибҳо рӯзи 14-уми январ таъҷилан гуфтугӯи телефонии роҳбарони хадамоти марзбонии кишварҳо доир гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбати телефонӣ ҷониби Қирғизистон оид ба вазъи мавҷуда дар марзи давлатӣ ибрози андеша намуда, зарурати танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал шудани ин масъаларо таъкид доштааст.
«Фармондеҳи нерӯҳои мразбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҳалли вазъи мавҷуда тариқи роҳҳои дипломатӣ ва роҳ надодан ба ташаннуҷи вазъ дар марз изҳори омодагӣ намуд», - омадааст дар хабари хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.
Гуфта мешавад, имрӯз баргузор намудани вохӯрии ҷонибҳо дар сатҳи раҳбарияти нерӯҳои марзбонии ҳарду кишвар дар назар аст.
Қаблан ВАО-и Қирғизистон итттилоъ доданд, ки рӯзи 14-уми январ вохӯрии намояндагони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистн баргузор шуда, дар ҷараёни он намояндагони Тоҷикистон қотеъона изҳор доштаанд, ки ба оғози сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Оқсой монеъа эҷод хоҳанд кард. «Марзбононии тоҷик ба вохӯрӣ пурра бо муҳимоти низомӣ ва сарулибоси зиреҳпӯш ҳозир шуданд», - хабар дода шуд дар иттилои хадамоти марзбонии Қирғизистон.
Ҳамчунин дар хабар зикр гардид, ки дар нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ҷиҳати ҳифзи тамомияти арзии кишвар, аз ҷумла ҳамлаи мусаллаҳонаи имконпазир тамоми тадбирҳои омодагӣ андешида шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ то ҳанӯз аз шарҳи қазия дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон худдорӣ меварзад.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста