Соли 2013 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ 1326 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ ва иқтисодӣ ошкор карда шуданд.

Бино ба малумоти хадамоти матбуоти Агентии зиддифасоди кишвар, ҳаҷми зиёни умумӣ ба буҷет аз ин ҷиноятҳо 83,4 млн. сомониро ташкил додааст, ки 26,9 млн. сомониаш дуюора барқарор карда шудаанд.

Тибқи маълумоти интишоршуда, соли гузашта 44 корманди ВКД ҶТ – 57; 22 хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиа – 25; 17 корманди Вазорати адлия – 19; 24 корманди Кумитаи андоз – 42; 6 корманди Хадамоти гумрук – 9;, 6 корманди низоми судӣ – 7; 2 корманди худи Агентии зиддифасод – 6 ва 2 нафарӣ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовар низ 6-тогӣ ҷинояти коррупсионӣ содир намудаанд.

Соли гуашта кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба зиёда аз 160 ҷинояти коррупсионӣ даст задаанд.