Имрӯз дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи муовинони нахуствазир оид ба масоили марзӣ доир мегардад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии муовини нахуствазир ин кишвар Абдураҳмон Маматалиев дар Душанбе қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, сабаби ба рӯзи дигар мавқуф гузоштани гуфтушунид ҳодисаи санаи 7-уми май рухдода дар марз мебошад, ки бар асари он аз ҳарду ҷониби 60 нафар осеб диданд.
«Сабабҳои рух додани ин ҳодисаро Тоҷикистону Қирғизистон ҳар кадоме дар дохили кишварҳо таҳқиқ карда, аз натиҷаҳои он имрӯз ҷонибҳо ба ҳамдигар ибрози назар мекунанд», - гуфт сарчашмаи хабар.
Ёдрас мекунем, ки қарибиҳои шоми рӯзи 7-уми май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар роҳи мошингарди миёни Исфара ва ҷамоати Ворух, наздикии деҳаи қирғизии Куктош миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 60 нафар аз ҳарду ҷониб осеб диданд.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста