Дар рейтинги кишварҳои дорои хатари зиёди пулшӯйӣ, ки тариқи ҷинояткорӣ, терроризм ва маблағгузорӣ ба терроризм ба даст омадааст, Тоҷикистон мақоми чорумро ишғол намуд. Рейтинги « The Basel AML Index 2014 » аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи шаҳри Базели Швейтсария омода гардидааст.
Ба даҳгонаи кишварҳои дорои хатари пулшӯйӣ Эрон (8,56 балл), Афғонистон (8,53), Камбоҷа (8,39), Тоҷикистон (8,34), Гвинея-Бисау (8,25), Ироқ (8,22), Мали (8,06), Швейтсария (7,92), Мозамбик (7,92) ва Мянма (7,89) шомл гардидаанд.
Сатҳи камтарини хатари пулшӯӣ ва маблағгузорӣ ба терроризм дар Финландия (2,51 балл), Эстония (3,27), Словения (3,38), Латвия (3,64), Буоғористон (3,83) ва Зеландияи Нав (3,83) ба қайд гирифта шудааст.
Рейтинги мазкур бар асоси маълумоти омории Бонки Ҷаҳонӣ, Transparency International - Шаффофияти Байналмилал, Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ва FATF- созмони мубориза бо пулшӯӣ таҳия мешавад.
Дар рейтинги соли 2013 низ Тоҷикистон зинаи чорумро касб карда буд. Рейтинги кунунӣ 162 кишгвари дунёро фаро гирифта, дар он маълумоти сирри бонкӣ, коррупсия, қоидаҳои молиявӣ, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва ғайра ба инобат гирифта шудаанд. Рейтинги ба ин монанди порсола 140 кишварро фаро гирифта буд.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста