Чанде қабл котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров ва вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамзаон Раҳимзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатиро ба як қатор кормандони пшсафи милитсия супориданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ба сардори Раёсати ВКД полковник З.Гадоев ва сардори воҳиди «Воҳиди махсус»-и вазорат полковник Б.Ҳамидов ордени «Спитамен» дараҷаи II супурда шуд.

Ба се нафар кормандони милиса медали «Ҷасорат», чор корманди мақомоти корҳои дохилӣ медали «Хизмати шоиста» ва се нафар кормандон «Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки миёни бо ифтихорнома сарфарозшудагон сардори Маркази матбуоти дастгоҳи вазири корҳои дохилии  ҶТ Ҷалолидддин Садриддинов низ ҳузур дорад.