Нимаю дуюми рӯзи 12-уми сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев мулоқот намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат масоили вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуда, сарони ҳарду давлат ҳавасмандии худро ба ҳаллу фасли ҳарчи зудтари масоили баҳсноки марзӣ дар минтақаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвогарона таъкид доштанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дӯстию бародарии анъанавии мардумони тоҷику қирғиз ҳифз гардида, минбаъд низ ба нафъи ҳарду давлати ҳамсояи дорои манфиатҳои муштарак ва шароити ба ҳам наздик хизмат хоҳад кард.
Ҳавасмандии ду ҷониб ҳамчунин ба рушди ҳамгироии минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноати кӯҳӣ ва дигар бахшҳо, ки барои ҳурду кишвар аҳамияти стратегӣ доранд, таъйид гардид.
Эмомалӣ Раҳмон аз Алмазбек Атамбоев даъват намуд, ки дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват пазируфта шуд.




Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста