- Чанде аз ВАО дар мавод бобати ба садама дучор шудани автомашинаи Вазорати нақлиёт аввали ҳамин ҳафта дар қаламрави ноҳияи Ишкошим ба баъзе носаҳеҳӣ роҳ додаанд, - гуфт дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев.
Ба гуфтаи ӯ, зимни ҳаракати автомашина бо 17 нафар сарбозон баллони як чархи автомашина кафида, дар натиҷа се нафар сарбозон ҷароҳати сабук гирифтаанд ва имрӯз аз госпитал рухсатӣ мешаванд.
«Бо тамоми масъулият изҳор медорам, ки маълумоти дар чанде аз ВАО интишоршуда оид ба дар ин садама ҷароҳат бардоштани беш аз 20 нафар сарбозон ва тариқи чархбол ба Душанбе интиқол додани 5 нафари аз онҳо асоси воқеӣ надорад», - таъкид дошт сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста