Ахири ҳафтаи сипаришуда дар ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) дар Париж (Фаронса) оид ба баланд бардоштани мавқеъи Тоҷикистон дар ин самт қарор қабул шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), тибқи ин қарор, бинобар пурра мутобиқ гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) ва мавриди амал қарор гирифтани онҳо, Тоҷикистон аз реҷаи мониторинг бароварда шуда, ба қатори кишварҳое, ки комилан ба талаботҳои ин ташкилот ҷавобгӯ ҳастанд ворид карда шуд.
«Қабули ин қарор мавқеъи сармоягузории кишварро беҳтар намуда, имкониятҳои иловагиро барои рушди иқтисодию иҷтимои мамлакат фароҳам меорад», - гуфта мешавад дар хабари БМТ.
Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ, англисӣ - Financial Action Task Force on Money Laundering — FATF) созмони байниҳукуматиест, ки ба таҳияи меъёрҳои ҷаҳонӣ дар бахши муқовимат ба даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ ба дастомада ва маблағгузории терроризм машғул буда, ҳамчунин ба мутобиқати низоми миллии кишварҳо ба ин меъёрҳо баҳогузорӣ мекунад.
Айни замон 34 кишвари дунё ва 2 созмони байнулмилалӣ ба ин ташкилот шомил буда, боз 20 созмон ва 2 кишвари дигар нозир мебошанд.
Тоҷикистон узви ин ташкилот нест, вале дар доираи Гурӯҳи авруосиёӣ оид ба муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм бо ин ташкилот ҳамкорӣ мекунад, ки ба ҳайати ин Гурӯҳ кишварҳои Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста