Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Брюссел дар қароргоҳи Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) 46-умин чорабинии солонаи Бунёди хайрияи СААШ бо иштироки 41 кишвари аъзо ва шарики Созмон барпо гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, имсол Тоҷикистон аъзои Бунёди хайрияи СААШ шуд, ки он соли 1968 бо мақсади ҷамъоварии маблағ барои дастгирии лоиҳаҳои байналмилалии хайриявӣ таъсис ёфтааст. Ин иттиҳодияи ғайритиҷоратӣ ҳамасола чорабиниро бо муаррифии гӯшаҳои миллӣ ва тарабхонавии кишварҳои аъзо, инчунин лотереяи тӯҳфаҳои миллӣ баргузор менамояд.
Гуфта мешавад, бо иштироки Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СААШ ва дастгирии фаъолони диаспораи тоҷик дар Белгия ва Нидерланд, дар гӯшаи миллии Тоҷикистон ба меҳмонони чорабинӣ ашёҳои гуногуни анъанавии истеҳсоли косибии миллӣ – ҷавоҳирот, тӯҳфаҳои хотирмон, маснуоти сангӣ, зарфҳо, расмҳои “кундал”, либосҳои миллии ороишии мардонаву занона ва ҷузъиёти онҳо, тухмиҳои гулҳо, меваҳои хушк ва қаннодӣ, инчунин китобҳо ва руқъаҳо дар бораи Тоҷикистон пешкаш гардиданд.
Зимнан зикр мегардад, ки садҳо меҳмонони чорабинӣ, аз ҷумла намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо, СААШ, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, сафирони муқими шаҳри Брюссел, инчунин кормандони сершумори васоити ахбори оммаи аврупоӣ аз гӯшаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста