Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон додани иҷозатномаи корро ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар он ҷойҳо ҳолатҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, муваққатан қатъ кард.
Ситоди доимо амалкунандаи муқовимат бо паҳншавии коронавируси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар ин самт тадбирҳои дахлдор андешид.
Ситод таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Гулрӯ Ҷабборзода 2-юми марти соли равон таъсис дода шуд.
Дар нақшаи қабулшудаи ситод тадбирҳое ба мисли худдории кормандони вазорат аз сафарҳо ба давлатҳои аз коронавирус сироятёфта, риояи меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ дар ҷойи кор, баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус, дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.
Дар Тоҷикистон асосан шаҳрвандони Чин, Афғонистон, Ӯзбекистон ва ба миқдори начандон зиёд шаҳрвандони кишварҳои дигар низ кор мекунанд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон иртиботи ҳавоӣ бо Чин, Афғонистон ва Эронро қатъ карда, ҳамчунин тавсия дод, ки аз фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ барои сафар ба ҷумҳурӣ аз Кореяи Ҷанубӣ ва Италия худдорӣ карда шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 майи соли 2025
Нақлиёти барқӣ бо қарз. Бонкро чӣ гуна бояд интихоб кард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2025
“Дар оянда бигзор доварӣ шавад ва ҷоиза диҳанд”. Ҷашнвораи байналмилалии “Наврӯз” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Ҳошим Гадо 88-сола шуд
Робот ва ҳуши маснӯӣ дар хидмати ҳоҷиён. Имсол Арабистони Саудӣ дар маросими ҳаҷ чӣ навоварӣ кард?
Абдулмаҷид Достиев - ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён
Музокироти Эрон ва Амрико. Даври навбатӣ 11-уми май баргузор мегардад
Сокинон худро аз хокбориш чӣ гуна ҳифз мекунанд?
Шурӯи боз як ҷанг? Покистон аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи Ҳиндустон хабар дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста