Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба журналистон изҳор дошт, ки то ҷасади собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД кишвар Гулмурод Ҳалимов дарёфт ва шиносоӣ нашавад, наметавон мутмаин буд, ки дар Сурия маҳз ӯ кушта шудааст.

Раҳимзода қайд кард, ки ба ВКД дар бораи ҳалок шудани Гулмурод Ҳалимов ва аъзои оилаи ӯ зери бомбапартоӣ дар Сурия хабар расида, лекин ин маълумот дар сатҳи овоза боқӣ мемонад.

“Ҷангиёни асири Давати исломӣ чунин баёнот додаанд, лекин то ҷасадашро дидаву нашиносем, ба эътимоднкоии ин маълумот шубҳа дорем”, - илова кард Рамазон Раҳимзода.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15-уми апрели соли 2017 маҷаллаи бритониёии  «Таймс» дар бораи кушта шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов ҳангоми зарбаҳои ҳавойӣ дар қисмати ғарбии шаҳри Мавсили Ироқ маълумот дод.

Нашрия ӯро яке аз пешвоёни “Давлати исломӣ” номид. Дар маълумоти нашрия он замон зикр шуда буд, ки ин кӯшиши сеюми нобуд кардани Ҳалимов аст.

Аввали моҳи сентябри ҳамон сол Вазорати мудофиаи Русия аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов дар натиҷаи зарбаи ҳавоии Қувваҳои ҳарбии кайҳонии ин кишвар ба мавқеъҳои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дар Сурия маълумот дод, лекин дигар сарчашмаҳо инро тасдиқ накарданд. Баъдан ВАО хабар доданд, ки бар асари ин зарбаҳо Гулмурод Ҳалимов ҷароҳат бардоштааст.

Моҳи августи соли 2019 Шӯрои амнияти СММ таҳримҳо нисбат ба Гулумрод Ҳалимовро тамдид карда, ба ин васила марги ӯро рад кард. Дар сомонаи Шӯрои амният ҳамчунин зикр мешавад, ки Гулмурод Ҳалимов аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва Интерпол мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Баъди чанде дар бораи дар Афғонистон ҳузур доштани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Тоҷикистон хабарҳо мунташир шуданд, аммо ин маълумотро касе расман тасдиқ накард.

Гулмурод Ҳалимов охири моҳи апрели соли 2015 бедарак шуда, баъди як моҳ дар Сурия пайдо шуд. Дар навори муроҷиати видеоии худ ӯ изҳор дошт, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ҳукумат полковники фирориро дар хиёнат ба Ватан гунаҳкор донист ва тариқи Интерпол ҷустуҷӯйи ӯро эълон кард.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба Гулмурод Ҳалимов мувофиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 305 (Хиёнат ба давлат), 187, қ. 2 (Иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша) ва 401 (Иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

30-юми августи соли 2016 ҳукумати ИМА барои маълумот доир ба макони будубоши Ҳалимов 3 млн. доллар мукофотпулӣ эълон кард. Департаменти давлатӣ ӯро яке аз пешвоёни калидии “Давлати исломӣ” арзёбӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.