Соле пеш дар Тоҷикистон мақомот тасмим гирифтанд, ки дараҷаҳои низомӣ ё рутбаҳои Артиши миллии Тоҷикистонро миллӣ кунанд. Дар ин замина комиссияи муштараке ташкил шуд. Коргуруҳи муштараки вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати дифоъ барои ин кор масъул шуд. Ин Коргуруҳ як тарҳи нимаеро пешниҳод кард, ки хеле пурбаҳс шуд.
Дар ин росто аз сӯйи пажуҳишгар ва забоншиноси варзидаи тоҷик Умед Ҷайҳонӣ тарҳе пешниҳод шуд, ки ӯ баробариҳо ё эквиваленти рутбаву дараҷаҳои артиши Тоҷикистонро бар асоси истилоҳоти дараҷаҳои низомии артишдории ниёгони тоҷикон – давраи Ашкониёну Сосониёну Сомониён сохта буд. Ин коргуруҳ тарҳи Умед Ҷайҳониро пазируфт ва онро барои таъйид ва ворид кардан дар артиш пешниҳод карда буд. Аммо то кунун ҳеч хабаре дар бораи пазируфтан ва напазируфтани ин тарҳи пешниҳодӣ нашр нашуд. Дар шабу рӯзи даъват ба артиши Тоҷикистон, мо барои пурсукови сарнавишти ин тарҳи миллӣ ба дунболи Умед Ҷайҳонӣ рафтем ва аз ӯ пурсидем, ки саранҷом кори ин тарҳ ба куҷо кашид?
- Ҷойгузинҳои пешниҳодии дараҷаҳои низомии русиро Коргурӯҳи муштараки вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати дифоъ баррасӣ кардаву пазируфтанд ва ба Шӯрои амнияти миллӣ фиристоданд.
- Бештар аз як сол мешавад, ки шумо баробари дараҷаҳо ё рутбаҳои артиши Тоҷикистонро сохтед. Ин кор заҳматталаб ҳам буд, коре буд, ки як ниҳоди пажуҳишӣ бояд мекард. Гуфта мешуд ҳукумат бар сари ройзанист, ки ин тарҳи пешниҳодии Шуморо бипазирад ё не?
- То ҷое ки ман медонам, он ҷойгузинҳо дар Шӯрои амнияти миллӣ бояд баррасӣ мешуданд ва сипас барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ё Ҳукумат пешниҳод мешуданд. Аммо дар пайи иваз шудани раиси Кумитаи забону истилоҳот он коргурӯҳ ҳам аз кор монд ва ин сарнавишти дараҷаҳои низомии тоҷикӣ ҳам норӯшан монд. Хуб мешуд, ки ин дараҷаҳоро ҳамин сол тасвиб мекарданд, то дар ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон низомиён бо дараҷаҳои тоҷикӣ режа (парад) мерафтанд.
- Ба назарам Кумитаи забон мухолифат карда буд?
- Коргурӯҳи муштараки Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати дифоъ низ гузинае пеш ниҳода буд, ки дар расонаҳо ҳангома бар по карда буд. Аммо дар пайи баррасии чандбора аз он пешниҳод даст кашид ва ҳамон пешниҳодҳои маро пазируфтанду ба Шӯрои амнияти миллӣ фиристоданд.
- Саранҷом, фикр мекунед, сарнавишти ин тарҳ чӣ мешавад?
- Умедворам, ки саранҷом ниҳодҳои масъул он баробарҳои тоҷикии дараҷаҳои низомии русиро бипазиранду ҳамчун дараҷаҳои низомии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тасвиб кунанд.
Ба бовари ман, тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ руҳи Шоҳномаро дар бадани Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хоҳад дамид, зеро он вожаҳо ҳама ё таърихӣ ҳастанд ва ё шоҳномаӣ ва ҳам аз дидгоҳи вожасозӣ ва ҳам аз дидгоҳи таърихӣ баробарҳои дақиқи дараҷаҳои низомии ҷорӣ ҳастанд.
- Дар ин миён боре ба Шумо тамос гирифта буданд? Пешниҳоде барои тағйир додан ё кадом пешниҳоди дигар доданд?
- Ман бо раису муъовини пешини Кумитаи забону истилоҳот дар тамос будам ва бо устод Рустам Ваҳҳоб ҳам ки, узви Коргурӯҳ буд, номанигорӣ доштам. Ҳеч пешниҳоде барои тағйири ҷойгузине аз он Кумитаву коргурӯҳ ба ман нарасид. Тарҳе, ки коргурӯҳи муштараки вожагузинии Кумитаву Вазорати дифоъ ба Шӯрои амнияти миллӣ фиристоданд, ҳамон тарҳи пешниҳодии ман буд.
- То куҷо боварманд ҳастед, ки ин тарҳ пазируфта мешавад? Оё иродаи лозим дар мақоме, ки тасмим мегирад, вуҷуд дорад?
- Дар Тоҷикистон танҳо як кас тасмимгиранда аст ва ӯ ҳам касе ҷуз раисҷумҳур нест. Агар вай тасмим бигирад, ки дар 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон низомиён бо дараҷаҳои низомии тоҷикӣ режа бираванд, ҳамин фардо ҳама ниҳодҳо ин пешниҳодро тасвиб хоҳанд кард. Ҷуз аз раисҷумҳур дигар масъулину ниҳодҳо на иродаашро доранду на хосташро.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боздошти 15 нафар барои қасди ҳамлаҳои террористии монанд ба “Крокус” дар Душанбе ва Ваҳдат
“Билетҳоро бозпас медиҳанд”. Парвози тоҷикон ба Русия кам шудааст
Тими Аврупо сатҳи огоҳии аҳолиро оид ба диабети қанд дар Тоҷикистон баланд мебардорад
Чӣ тавр оид ба кор дар Британияи Кабир маълумоти ройгон пайдо кардан мумкин аст?
“Ба фитнаву бало гирифтор нашавед!”. Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, эҳтиёткор бошанд
Боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”
Тоҷикистон шумори квотаҳоро ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ то 6,5 ҳазор адад кам кард
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста