Ҳамаи роҳҳои мошингарде, ки минтақаҳои Тоҷикистонро ба ҳам мепайванданд, субҳи имрӯз барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт кушодаанд. Танҳо ҳаракати автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм дар роҳи Душанбе-Хуҷанд бо сабаби яхбандии роҳ муваққатан боздошта шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ӯ изҳори итминон кард, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш тариқи роҳи Душанбе-Хуҷанд дар фурсати наздик барқарор мешавад.

Ба гуфтаи номбурда, барои таъмини бехтарии ронандагон дар роҳ ва кумаки таъҷилӣ дар ҳолатҳои ғайримунтазира, қитъаҳои гуногуни роҳҳо мунтазам аз ҷониби наҷотбахшони гурӯҳҳои вокуниши зудамали Кумита назорат мешавад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои наздик дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо яхбандӣ боқӣ монда, фаромадани туман дар назар аст.

Дар ин робита, Кумита ба шаҳрвандон чунин тавсияҳо медиҳад: худдорӣ варзидани шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг ва зиққи нафас аз баромадан ба кӯча; ҳушёру эҳтиёткор будани пиёдагардон ҳангоми гузаштан аз роҳу кӯчаҳо; суръати ҳаракатро паст нигоҳ доштан ва риояи қоидаҳои бехтарии ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандагон.

Зимнан зикр шуд, ки дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё ягон ҳолати нохуш дар роҳҳо, шаҳрвандон метавонанд ба телефони навбатдори фаврии КҲФ ва МГ: 93 880 28 19221-91-19 ва 223-13-11 муроҷиат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.