Устод Ато Муҳаммади Нур раиси иҷроияи Ҷамъияти исломии Афғонистон ва волии пешини влояти Балхи Афғонистон дар як ҷаласаи ёдбуди навсанди маъруфи Афғонистон Раҳнаварди Зарёб дар Балх,  парда аз ҷобаҷо кардани неруҳои осиёмиёнагии ДОИШ дар минтақаҳои шимолии Афғонистон бардошта, гуфт агар давлат наметавонад дар манотиқи марзӣ амниятро таъмин кунад, масъулияташро ба мо бидиҳад.

Ато Муҳаммади Нур дар ин суханронияш аз интиқол додани 12 хонаводаи ҷангҷӯёни доишии кишварҳои Осиёи Миёна, ба вижа Тоҷикистону Узбакистон дар 4 сол пеш ба яке аз дарраҳои вилояти Бадахшони Афғонистон ва ба дунболи он овардани ҷангҷӯёни дигар парда мебардорад.

“Чор сол қабл бароям иттилои бисёр дақиқ омад, ки бо барномаи бисёр хатарноки муназзаму рехташуда ҷангҳои шадид ба шимоли Афғонистон интиқол мешавад. Ифротгароҳои хориҷӣ аз Вазиристон интиқол мешаванд ба шимоли Афғонистон. Аввалин корвонашон 12 хонавода, ки тоҷикӣ ва узбакӣ буд, аз кишварҳои бародари ҳамсояи мо дар дараи Хустаки Бадахшон расид. Ин оғозаш буд”.

Ин чеҳраи пурнуфузи сиёсиву ҷиҳодии Афғонистон мегӯяд, ки он замон оғози кори ҳукумати Ваҳдати миллӣ дар Афғонистон буд ва рафтам бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи вақти ҳукумат, Ашраф Ғанӣ раисҷумҳур ва тамоми вазорату ниҳодҳои масъул суҳбат кардам, ки аз ин тарҳ пешгирӣ кунед. Агар имрӯз 12 хонаводаро пешгирӣ накунед фардо теъдодашон бисёр мешавад ва хуни бештар резонда мешавад.

Ин волии пешини Балх мегӯяд вақте ман ин пешниҳодҳоро кардам, хориҷиҳо сари ман иштибоҳ, ки ин равобиташ бо русҳову кишварҳои Осиёи Миёнаву эрониҳо хуб аст, боз ҳаминҳо кадо коре кардаанд, ки моро мехоҳад бадном бикунанд.

“Ман гуфтам, ки на, мо бо куллат равобит дорем. Бо ҳамсояи худ, табъан равобити бародарона медошта бошем. Аммо ин барнома вақте аз мо қурбонӣ мегирад, лозим аст, ки мо ҷилавашро бигирем. Вақте дар ин ҷо марказ мегиранду он тарафи сарҳадро ноамн месозанд ба хотири убур ба он тарафи сарҳад, аввал моро зери по мекунанд, моро поймол мекунанду қурбону аз ҷону молу фарзандони мо мегиранд”.

Дар идома Ато Муҳаммади Нур мегӯяд, ки он тараф, ки ноамн шуд, ноамнии мо дучанд мешавад. “Ҳамин ҳоло ҳадди аққал хуш астем, ки дар Тоҷикистону Узбакистон амният аст. Кишварҳои рӯ ба рушданд, тоҷиратон ором меравад, маризатон ором меравад. Ин корро накарданд. Имрӯз кӯҳистоноти мо пур аз ифротиҳои хориҷӣ аст, бо фомилҳояшон (хонаводаҳояшон) ҳастанд ва зану мард силоҳ доранд”.

Атто Муҳаммади Нур бо ёдоварӣ аз вулусволиҳои марзии зери иттоати ин  гуруҳҳо дар вилоятиҳои Қундузу Бадахшон мегӯяд, ки баъди батаваҷҷуҳӣ вулусволиҳои муҳимми Бадахшон мисли  Моймай, Шикай, Кӯфоб, Хоҳон ва ғайра босуръат ноамн шуданд ва сарҳад бо Тоҷикистон ноамн шуд.

“Тоҷикистон пулҳоеро барои рушди тиҷорат эҷод кардаанд. Инро ман аз давлат тақозо мекунам, ки тамомии сарҳадҳоеро, ки ҳам бо Тоҷикистону Узбакистон ва ҳам бо Туркманистон дорем амн буда бошад. Ин масъулияти мост. Наметонед, иҷоза бидиҳед, ки мо аз неруҳои мардумии худ истифода бикунем. Моро ҷангсолор нагӯйед, мо он касоне ҳастем, ки бо мармиҳо(тирҳо)-и зангзада мубориза кардем”.

Манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон дар ин авохир хеле ноамн шудааст, аз ҷумла чанде пеш дар вулусволии Моймайи Дарвози Бадахшони Афғонистон як гуруҳи мансуб ба "Толибон", ки гуфта мешуд саркардаҳои онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ин вулусволиро суқут дода, 24 нафарро куштанд. Видеои ҷанги ин гуруҳ баъдан дар интернет нашр шуд, ки вокунишҳои гуногуне дар пай дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.