“Пандемияи коронавирус аввали соли 2022 ба охир мерасад, чунин мешуморад роҳбари Дафтари минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Ханс Клюге.

“Сенарияи бадтарин паси сар шуд. Дар муқоиса бо соли 2020, ки вирус ба паҳншавӣ оғоз кард, акнун мо дар бораи он бисёртар маълумот дорем”, - иттилоъ медиҳад хабаргузории РБК бо истинод ба мусоҳибаи Ханс Клюге ба шабакаи телевизиони DR-и Дания.

Ба ақидаи Клюге, вирус ба паҳншавии худ идома дода, лекин барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои зиёд дигар зарурат боқӣ намемонад. Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кардааст, ки ин ҷараёни эҳтимолии рӯйдодҳо буда, вақти дақиқи онро муайян кардан алҳол имкон надорад.

Ӯ ишора кардааст, ки мутатсия (тағйирёбӣ)-и коронавирус ҷараёни муътадил аст, чунки вирус кӯшиш мекунад, ки ба инсон мутобиқ гардад.

“Созмон самаранокии ваксинаҳои зидди COVID-19-ро бо сабаби паҳншавии навъҳои нави вирус бодиққат пайгирӣ дорад”, - изҳор доштааст ӯ.
Ханс Клюге
Reuters

Намояндаи Созмон зимнан зикр кардааст, ки агар зарурат пайдо шавад, ваксинаҳо метавонанд барои мубориза бо муттасияҳои нав тағйир дода шаванд ва лозим намеояд, ки истеҳсоли онҳо аз сифр оғоз гардад.

Тибқи маълумоти СҶТ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон зиёда аз 111,1 млн нафарро ташкил дода, 2,46 млн кас аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.