Дар шаҳри Истаравшан се нафар хонандаи мактаб бо гумони посух додан ба даъвати гуруҳҳои ифротгаро, гузоштаи лайк ба ҷонибдорияшон дар шабакаи интернетӣ ва далелҳои дигари ҳамкорӣ бо ин гуруҳҳо боздошт шудаанд. Дар бораи гуруҳи мамнуъе, ки гӯё ин хонандагонро фирефта бошад то ҳоло барои расонаҳо чизе маълум нест. Аммо дар Раёсати маорифи вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан ва чанд манбаъҳои дигари муътамад боздошти хонандагонро ба гумони ин ҷурм тасдиқ карданд. Мақомоти қудратӣ дар ин бора чизе намегӯянд.

Дар чанд рӯзи ахир боздошти чанд хонандаи яке аз мактабҳои миёна ва хонандаи яке аз гимназияҳои шаҳри Истаравшанро дар ҷаласаҳое дар шуъбаҳои маорифу мактабҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ба таври вижа баррасӣ мекунанд. (Номи ин мактабҳои миёна ба “Азия-Плюс” маълум аст, вале ба дадели ҳассосияти мавзуъ ва назокатҳои ахлоқӣ аз навиштани онҳо худдорӣ мешавад).

Як манбаъ аз Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан дар таъйиди ин хабар гуфт, ин боздоштшудаҳо се хонандаи синфи 11 мебошанд, ки боздошташон бештар ба ҳамкорӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ рабт дорад. Вале ӯ гуфт, ки мақомоти интизоми ҷузъиёти бештареро дар ихтиёри онҳо нагузоштаанд ва ин хонандагон ҳоло ба унвони гумонбар боздош шудаанд.

“Сабаби боздошти хонандагонро бештар рабт дода истодаанд ба баъзе шахсон, ки бо гуруҳҳои ҷиноятпешаи ифротӣ ҳамкорӣ доранд. Гӯё хонандагон ба ягон чизи онҳо лайк монда бошанд ё дар саҳифаҳои интернетӣ шояд ҷонибдорӣ карда бошанд.То он ҷое, ки медонам гӯё тарафдорӣ кардаанд”,-гуфт манбаъ
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Аммо мақомоти интизомӣ то кунун дар мавриди ин қазияи изҳори назар накардаанд. Талошҳои “Азия-Плюс” барои ба даст овардани назари мақомоти қудратӣ дар вилояти Суғд бидуни натиҷа анҷомид. Мақомот ба мо ин иттилоъро на таъйид ва на рад карданд.

Як манбаи огоҳ аз қазия ба мо гуфт, бино ба маълумоти мактабе, ки яке аз хонандаи гумонбар дар он ҷо таҳсил мекунанд, гӯё нафаре аз хонандаҳо хостааст чизро ба онҳо фиристад. Нафари дархосткарда гӯё худ алоқаманд ба гуруҳҳои ифротӣ будааст ва аз хонанда пурсидааст, ки барномеро сохта метавонӣ, дар ту ҳаст? Аз рӯйи маълумоти манбаъи “Азия-Плюс” хонанда дар ҷавоб гуфтааст ӯ чунин чизро надорад ва пешниҳод карда наметавонад.

Аз Раёсати маорифи вилояти Суғд низ боздошти се нафар хонандаи ду мактаб дар Истаравшанро тасдиқ карданд, вале расман аз додани ҷузъиёти бештар ба далели корҳои тафтишотӣ худдорӣ карданд. Манбаъ гуфт корҳои санҷишӣ идома дорад ва тафтишотро мақомоти амният пеш мебарад. Ва худи Раёсат низ як гуруҳи босалоҳият созмон додааст. Вай гуфт дар робита ба боздошти хонандагони мактаб гуруҳе аз ҷавонони калонсол низ, ки мактабхон нестанд боздошт шудаанд.

“Саркардаҳо дигаранд, ҷавонони калонсол, мактабхон нестанд. Хонандагон чӣ хел ба онҳо ҳамроҳ шудаанд маълум нест, лекин боздошт шудаанд. Ба фикрам ин гуруҳ қасди дигар корҳоро низ доштанд”.

Ҷаласаҳои изтирориву огоҳкунии падару модарон дар Суғд

Ин масъули Раёсати маориф мегӯяд, чанд рӯз пештар муовини вазири маорифи Тоҷикистон ба вилояти Суғд омадаву бо мудирони шуъбаҳои маориф дар ин масъала ҷаласае доир карда дастурҳои ҷиддие барои назорати хонандагони мактаб дар дарс ва ҳамзамон дар хонаро додааст. Зеро ба нақли манбаъ хонандагони боздоштшуда, қаблан дар мактабҳо барои муқобила ба терроризм ва экстремизм саҳнаҳо ба намоиш гузошта буданд.

“Инҳо бачаҳои фаъол, дониши хуб доштанд. Қаблан дар мактабҳо баромаду саҳнаҳои зидди терроризму экстремизм намоиш дода буданд. Чӣ хел шуд фирефтаву ҷалб шудаанд, ҳоло норӯшан аст. Мо алакай дар ин масъала корбариро оғоз кардем”.
хонандагони яке аз мактабҳои шаҳр
Акс аз саҳфаи Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан дар Фейсбук

Дар ҳамин ҳол мудири яке аз мактабҳои миёна дар шаҳри Хуҷанд бидуни зикри номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, масъала хело ҳассос аст ва аз қазияи боздошти се тан аз хонандагони мактаби Истаравшан онҳоро дар ҷаласае огаҳ кардаанд. Ин манбаъ илова кард, ки онҳо дастури қатъӣ гирифтаанд то мулоқоту вохӯриҳо бо волидайни хонандагонро пурзӯр карда, назорат аз болои истифодаи телефонҳои мобилиро байни мактабхонҳо ҷиддитар бигиранд. Вай мегӯяд, дар асоси дастур омӯзгорон муваззаф шудаанд хонандагон берун аз соати дарсӣ ба таълимоти динӣ ҷалб нашаванд ва онҳоро якҷоя бо волидонашон назорат кунанд.

“Дар ҷаласаи соҳаи маориф гуфтанд, ки ҷавони бузургсолтари 23-24 сола ҳамдеҳаяшро ҷамъ карда таълимоти экстремистӣ додаасту онҳо барои корҳои дигар низ омода шуда будаанд, ки боздошт шудаанд. То он ҷое, ки ман фаҳмидам хонандагонро ҳамчун террорист омода кардааст”,-мегӯяд манбаъ

Дар ҳамин ҳол модари яке аз хонандаҳои яке аз мактабҳои шаҳри Бӯстон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки роҳбари синфи фарзандаш ба онҳо тариқи вайбер иттилоъ расонидааст, ки ҳамин гуна ҳодиса шудаасту онҳо назорати фарзандонашонро ҷиддитар бигиранд. 

Ин модар мегӯяд, ки ба онҳо гуфтаанд, ки гӯё ин хонандагон барои кадом таркише омода мешуданд ва бояд дар ин рӯзҳо бо омадани меҳмонҳое аз пойтахт таркишро анҷом медодаанд. Вале ин иттилоъро манбаъҳои "Азия-Плюс" таъид накарданд ва гуфтанд ҷузъиёти ин корро мақомоти қудратӣ медонанд. 

Роҳбари синф ба модари хонандаи манбаи мо гуфтааст, ки ба фарзандонашон аз ин ба баъд телефонҳои тугмадор бидиҳанд, зеро дар мактабҳо санҷишҳо ва тафтиши телефонҳо оғоз мешавад. "Агар телефони бачаҳоро бигиранд, танҳо баъд аз ба поён расидани дарсҳо, баъди 14-уми иют метавонед онҳоро бигиред".

Ин модар мегӯяд, ки ба онҳо гуфтаанд, ки аллакай дар ШКД шаҳру ноҳияҳо қуттиҳои махсус барои телефонҳои хонандагон омода кардаанд, то телефонҳои мусодирашуда дар он ҷоҳо нигаҳдорӣ шавад.

Роҳбари синф ба модари хонанда гуфтаст, ки фарзандонро дурустар назорат бикунанд, шабакаҳои иҷтимоии онҳоро назоркат кунанд, зеро хонандаҳои Истаравшанро тарқи интернет ва телефонҳо мағзшӯйӣ кардаанд.

Вазири маориф дар Истаравшан ва иваз шудани сардори Раёсати маорифи 

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки чанде пеш мудири маорифи шаҳри Истаравшан барканор шудаву мудири нави маорифи шаҳрро дирӯз, 5-уми апрел худи вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода муаррифӣ кардааст.

Барканории мудири пешин ва таъини мудири нав то куҷо ба мавзуъи боздошти хонандаҳо рабт дорад?

Дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки баъди он ки таъин ва барканории мудирони маориф аз салоҳияти ҳукуматҳои маҳаллӣ гирифта ва ба ихтиёри вазорати маориф дода шуд, мо ба ҳама шаҳру ноҳияҳо мактуб карда будем. Ҳамаи мудирони маориф баъди ин тасмим иҷрокунанда буданд, ҳоло бархе аз мудирони шуъбаву раёсатҳои маориф расман таъин шуда истодаанд.

Эҳсон Сафарзода, мудири Маркази матбуоти вазорат мегӯяд, ки  “таъину барканории сардори раёсати маорифи шаҳри Истаравшан ҳам дар ҳамин доира сурат мегирад ва вазири маориф, ки имрӯзҳо бо сафари корӣ дар вилоят қарор дорад, мудири навро муаррифӣ кардаанд”. аммо ӯ гуфт, ки ин барканориву таъин то куҷо ба ин қазия рабт доранд, намедонад.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ дар ин ҷаласа Имомзода директори мактаби 32-и шаҳр Гулрӯ Пӯлодоваро сардори нави раёсати маорифи Истаравшан муаррифӣ кардааст. То ин вақт дар ин вазифа Диловар Азимов буд.

Акмал Аҳроров, муовини сардори Раёсати маорифи Истаравшан ба “Азия-Плюс” гуфт Диловар Азимов бо хоҳиши худ ва то замони ин боздошт бо як фармони Вазири мориф аз вазифа барканор шуда буд. “Дар ин ҷо асоси воқеае, ки Диловар Азимовро аз вазифа озод карданд бо хоҳиши худ ариза навиштанд. Таърихи 16-уми феврал аз вазифа озод шуданд. Боздошти хонандагон дар ин авохир,  як ҳафта пештар сурат гирифт”-мегӯяд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.