Сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода нимаи ҳафтаи оянда ба Маскав меравад.
Ӯ дар ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳарбии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки 14 апрел таҳти раёсати сардори Ситоди кулли ҚМ Русия, муовини аввали вазири мудофиаи ин кишвар генерали артиш Валерий Герасимов доир мегардад, иштирок мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
Дар кори ҷаласа инчунин иштирок сардорони Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Арманистону Беларус ва Қазоқистону Қирғизистон пешбинӣ шудааст.
Дар назар аст, ки Эмомалӣ Собирзода ба аъзои Кумитаи ҳарбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти низомии СААД маълумот диҳад, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмон дар соли 2021 пешниҳод мешаванд.
Дар ҷаласа баррасии таҳдиду чолишҳо ба амнияти ҳарбӣ дар минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, чорабиниҳои омодагии муштараки мақомоти идоракунӣ ва ташкили неруву воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД, фаъолияти маркази вокуниш ба буҳрони Созмон ва таъсиси воҳиди муштараки ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, инчунин таъминот бо хизматрасонии тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста