Имрӯз, 29-уми апрели соли 2021, соати соати 13:05 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии «Головной», воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркўҳи шаҳри Исфара, низомиёни Қирғизистон ба сӯи сарҳадбонони  Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.

Тавре дар изҳороти дар АМИТ “Ховар” нашршудаи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дода мешавад, ҳодисаи мазкур дар ҳолате рух дод, ки тӯли рўзҳои охир ҷониби Қирғизистон худсарона бандҳои созишномаи қаблан мувофиқашудаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон вайрон намуда, нақшаи забти нуқтаи обтақсимкунии «Головной»-ро ба роҳ мондааст.

Хотиррасон мешавад, ки тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ барои обёрии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд.

Дар изҳороти дигари Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ зикр мегардад, ки имрӯз соати 10:45, зимни муноқишаи сокинони  маҳаллаҳои Сомониёни Тоҷикистон ва Кок-Тоши Қирғизистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон аз камони шикорӣ тир холӣ карданд.

“Шаҳрванди Тоҷикистон  — Амаков Оқил Юнусович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз пешониаш захмдор карданд. Номбурда  ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шуд ва вазъи саломатиаш вазнин арзёбӣ мегардад”, - омадааст дар изҳороти КДАМ.

Гуфта мешавад, ҳамчунин худи ҳамин рӯз, соати 11:30, бар асари тирпаронии шаҳрвандони Қирғизистон шаҳрванди Тоҷикистон Самадов Саттор Қодирович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз дасту пояш  ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардид.

Қаблан аз беморхонаи марказии Исфара ба "Азия-Плюс" гуфта буданд, ки аз ҷойи ҳодиса се нафарро оварданд, ки ҷароҳат бардоштаанд. Онҳо ҳоло дар шуъбаи эҳё қарор доранд. Вазъи онҳо муътадили нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Пизишкон ба онҳо ёрии лозимро расонида истодаанд.

Хабарнигори мо, ки айни замон дар беморхонаи шаҳри Исфара қарор дорад, хабар медиҳад, ки худи ҳозир боз 4 нафари дигар сокинонро бо захмҳо аз силоҳи оташфишон ба беморхона овардаанд.

1/4

Маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ таъкид мекунад, ки муноқишаи мазкур 28  апрели соли 2021, соати 16:00 дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар натиҷаи амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сангпартоии онҳо ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сар зад. Аз сангҳои партофтаи онҳо 7 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд тазаккур дод, ки дар байни шаҳрвандони Қирғизистон хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.

Дар Бишкек гирдиҳамойӣ оғоз шуд

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории 24.kg бо истинод ба РКД вилояти Ботканд хабар медиҳад, ки субҳ тахминан соати 5:45 маҳз низомиёни тоҷик аввалин шуда ба сӯйи воҳиди ҳарбӣ дар деҳаи Кок-Тош оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронӣ сокини 30-солаи маҳаллӣ бо захми чашм аз силоҳи оташфон ба беморхона оварда шудааст.

Айни замон дар Бишкек назди бинои ҳукумат барои дастгирии боткандиҳо гирдиҳамоӣ гузашта истодааст.

Иштирокчиёни гирдиҳамоӣ талаб карда истодаанд, ки сарвазир Улуғбек Марипов ва раиси КДАМ Қамчибек Тошиев ба назди онҳо бароянд. Ба навиштаи 24.kg, Тошиев барои муолиҷа ба Олмон рафта, лекин аллакай хабар додааст, ки таъҷилан ба пойтахт бармегардад. Иштирокчиёни гирдиҳамоӣ ҳамчунин талаб доранд, ки вакилони парлумон ва раиси он Талант Мамитов низ назди онҳо бароянд.

Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, тазоҳургарон дастаи ихтиёриёнро ташкил карда истодаанд, то ки ба вилояти Ботканд раванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.