Хабарнигори "Азия-Плюс" аз деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара хабар медиҳад, ки ин бегоҳ, баъд аз ба имзо расидани протоколи ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистону Қирғизистон имкон пайдо карданд, ки бо мардуми зарардида суҳбат кунанд ва манзараву харобиҳои даргириҳои мусаллаҳонаро аз пеш бубинанд.
Ҳалимҷон Ҷӯраев, хабарнигори "Азия-Плюс", ки чор рӯзи охир дар макони даргириҳо қарор дораду хабарҳои дасти аввалро холисона мерасонад, мегӯяд, ки бештар аз 10 хона дар деҳаи Хоҷаи Аъло оташ зада шудаанд.
Сокинон ба мо мегӯянд, ки қисме аз хонаҳоро бо силоҳҳои оташфишон нишон гирифтаанд ва қисмеро қасдан бензин ва дигар маводи сӯхт пошидаву оташ задаанд.
Низом Шамсиддинов, яке аз ҷабрдидаҳои асосии муноқишаи марзӣ бо қирғизҳо дар деҳаи Хоҷаи Аъло аст. Ӯ мегӯяд, соати тақрибан 13:00 рӯзи 29 - уми апрел муноқишаи ҷонибҳо аз сангзанӣ ба тирпаронӣ гузашт, ки аввал ҳамсояҳо оғоз карданд. Ду хона поёнтар аз ҳавлии истиқоматии ӯ қирғизҳо дар ҳамсоягӣ ба сар мебаранд. Дар пайи даргириҳо, ки он замон касе аз аъзои хонаводааш дар ҳавлӣ набуд, хонаашро оташ заданд.
Дар натиҷаи ин оташзанӣ 5 тонна гандум, 10 тонна биринҷ, 2 тонна хушкмеваи захиракардааш комилан дар амборӣ хонааш ба коми ин оташ рафтаанд. Ҳамзамон 15 ҳуҷраи хонаи дар тӯли 20 сол ободкардаашт бо амборхонаҳояш сӯхтаву комилан вайрон шудаанд.
Ӯ мегуяд деҳқонӣ мекунад. Ва замонӣ даргириҳо дар хона набуд. Дар давру бари хонаии Шамсиддинов, чанд хона аз болову поён дуртар, 15 хонаводаи қирғиз зиндагӣ мекунанд, ки
Чанд ҳавли поёну болои хонааш ҳудуди 15 хонаводаи қиргизҳо дар ҳамсоягӣ бо тоҷикон зиндагӣ мекунанд. "Бо онҳо муносибати бо ҳам хуб доштем, аммо чаро якбора ба оташ задани хонаҳои тоҷикон даст заданд, дар ҳайратам. Намедонам, ки ин корро кӣ кард, ҳамсояҳои қирғизам ё нерӯҳои мусаллаҳашон?. Вале мо хонаҳои онҳоро оташ назадем".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста