Сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов гуфтааст, ки Қирғизистон то ҳалли шудани мушкилот бо Тоҷикистон равуои марзӣ бо ин кишварро комилан қатъ мекунад. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук навиштааст.

Марипов дар ин бора дар суҳбат бо сокинони деҳаҳои наздимарзии ноҳияи Чон-Алайи вилояти Уши кишвараш хабар додааст.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар мавриди ин тасмими кишвари ҳамсоя расман чизе нагуфтааст. Талошҳои "Азия-Плюс" то замони нашри ин матлаб барои ба даст овардани назари расмии мақомҳои расмии Тоҷикистон бе натиҷа  буд. 

"Масъалаи марз барои мо дар ҳоли ҳозир яке аз масоили муҳим аст. Ҳамаи талош ба харҷ дода мешавад, ки ин масъала ҳал карда шавад. Мо онро ҳатман ҳал мекунем... Ба иловаи таъин ва аломатгузории марз мо ҳадаф гузоштаем, ки ҳифзи онро тақвият бахшем. Барои ин ҳамаи шароити лозимро барои марзбонон фароҳам меорем. Дар масъалаи тақвияти ҳифзи марз сокинони маҳаллӣ ҳам нақши калидӣ доранд. Аз ҳамин хотир шуморо ба сабру таҳаммул даъват мекунам", - гуфтааст сарвазири Қирғизистон.

Улуғбек Марипов гуфтааст, ки дар марзӣ чӣ зиндагие мегузарад, танҳое онҳое медонанд, ки он ҷо зиндагӣ мекунанд. “Ман ҳамеша гуфтаам, ки ин мардум қаҳрамонанд. Бори дигар такрор мекунам: ҳадафи асосии мо – беҳтар кардани зиндагии мардуми одӣ аст. Ҳар чизе, ки барои он зарур аст, мо марҳила ба марҳила ба он мерасем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.