Субҳи имрӯз, 31 май ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳоӣ дохилӣ, генерал- полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар рафти сафари корӣ вохӯрӣ бо роҳбарони воломақоми Эрон вобаста ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти амният, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар масъалаҳои корӣ дар назар дошта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ҷараёни сафари корӣ қарор аст, як қатор санадҳои дахлдор ба имзо расонида шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.