Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев рӯзҳои 22-23 июн аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар Душанбе ӯ дар вохӯрии 16-уми ҳамасолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок мекунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС.

Вохӯрии пешини котибон моҳи сентябри соли 2020 баргузор шуда, он замон бо сабаби вазъи марбут ба коронавирус он тариқи алоқаи видеоӣ сурат гирифта буд. Дар вохӯри масоили вазъ дар соҳаи амният ва субот дар паҳнои Созмон баррасӣ шуда буд.

Патрушев, аз ҷумла изҳор дошта буд, ки кишварҳои аъзои СҲШ бояд тарзҳои умумии рафъи оқибатҳои пандемияи коронавирусро таҳия намуда, ҳамкориҳоро дар соҳаи амнияти биологӣ ривоҷ диҳанд.

Ӯ зикр карда буд, ки Русия аз талошҳои чанде аз кишварҳо дар мавриди бозбинии сохти кунунии байнулмилалӣ ва минатқавӣ нигарон аст.

“На ҳамаи кишварҳо ба буҳрони бар асари пандемия пайдошуда вокуниши муносиб дода тавонистанд, - гуфта буд котиби Шӯрои амнияти Русия. - Бархе аз онҳо айбро ба гардани дигар давлатҳо бор карданианд, инчунин ба обрӯву нуфузи ниҳодҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тандурустӣ латма ворид карданианд”.

Дар он вохӯрӣ ба масоили марбут ба вазъият дар Афғонистон, роҳандозии низоми дифои зиддимушакии ИМА, ҳамоҳангсозии масоили муҳоҷират низ таваҷҷуҳ зоҳир шуда буд.

Давоми солҳои 2020-2021 раёсатро дар Созмони ҳамкории Шанхай Тоҷикистон ба уҳда дорад. Айни замон корҳои омодагӣ ба нишасти СҲШ дар Душанбе, ки рӯзҳои 16-17 сентябр ба нақша гирифта шудааст, ҷараён доранд. Ин нишаст ҷашнӣ хоҳад буд: имсол аз замони таъсиси Созмон 20 сол пур мешавад.

Кишварҳои узви Созмон ният доранд, ки нишасти Душанберо бо ҳузури рӯ ба рӯи ҳамдигар гузаронанд, лекин қарори ниҳоӣ дар бораи бо чӣ гуна шакл баргузор намудани он, бо назардошти вазъи эпидемиологӣ қабул хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки Патрушев охири моҳи апрели соли ҷорӣ низ ба Тоҷикистон омада буд. Ӯ дар вохӯрӣ бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.