Латифи Пидром, роҳбари ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон ва яке аз раҳбарони тоҷикони ин кишвар, имрӯз бо баргузор кардани як нишасти хабарии вижа бо номи "Таҳаввулоти ахири низомиву сиёсӣ дар шимоли Афғонистон" бори дигар ба қавмӣ будани ҷанги "Толибон" дар шимоли Афғонистон таъкид кард ва гуфт ин як ҷанги давомдор аст.

Пидром, ки дар ин нишаст мавқеъ ва дидгоҳҳояшро дар баробари вазъияти ахири Афғонистон эълон мекард, гуфт ҳеч гоҳ на ба нафъи "Толибон" дар баробари ҳукумати Ашраф Ғанӣ меҷангад ва на ҳам ба нафъи Ғанӣ дар баробари "Толибон" силоҳ мебардорад.

Пидром дар ин нишаст ҳукумати Кобулро барои ба дасти "Толибон" додани вулусволиҳо дар шимоли Афғонистон интиқоди сахт кард ва изҳороти бархе аз чеҳраҳои ҳукуматро ба чолиш кашид. 

Ӯ бо ишора ба изҳороти ахири Ҳаниф Атмар вазири хориҷаи Афғонистон, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва дигар чеҳраҳои ҳукумат  гуфт, ки агар қарор буд, вулусволиҳо холӣ карда шаванду ҷанге сурат нагирад, бояд инро эълон мекарданд, ки мардум тезтар мебаромад ва хунрезӣ намешуд.

Ҳамчунин сарбозону афсарон ҳам фурсат меёфтанд, ки муҳиммоту ҷангафзорҳояшонро ҳам берун мекарданду ин қадар таҷҳизоти ҷангиву низомӣ дар ихтиёри "Толибон" қарор намегирифт. 

Пидром дар ин суханронияш нақши ҳукумати Кобулро дар суқут кардани ноҳияҳои шимоли Афғонистон бисёр муҳим донист ва гуфт ин кори ҳамоҳангшудае метавонад буда бошад.

Пидром гуфт, ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ як ҳукумати ниёбатиест, ки ба нафи кишварҳои хос ва аз ҷумла ИМА кор мекунад. Ба назари Пидром кишварҳои хосе, аз ҷумла Амрико барои ҳадафҳои геополитикии худ ҷанг ва гуруҳои дигари ҷангҷӯ, хусусан ДОИШ-ро ба шимол интиқол медиҳанд. Барои ин ки ин тарҳ анҷом шавад, бояд вулусволиҳо ва бахшҳое аз Шимол суқут мекард, ки кард. 

Ӯ ҳамчун суханони ахири Муҳаммадумар Довудзай, вазири пешини корҳои дохилии Афғонистон, намояндаи хоси раисҷумҳури Афғонистон барои Покистон ва яке аз чеҳраҳои наздик ба Ашраф Ғаниро дар мавриди шимоли Афғонистон, суханони қавмиву фошистиву султаталабона номид ва гуфт, ки ин суханон сенаряи ҷанги қавмӣ дар Шимолро равшан кард. 

Бояд гуфт, ки дирӯз дар расонаҳои Афғонистон як навори садоии Довудзай нашр шуд, ки дар он ин чеҳрари сиёсии паштуни Афғонистон мегуфт, ки "вазъияти Шимол хуб нест, Қайсориро нагузоред он ҷо биравад... Дӯстӯм ягон соат неша (маст) аст ва ягон имтиёзе мехоҳад. Фоиқ ҳам ба Сано муаррифӣ шуда наметавонад. Ҳама чӣ ҷӯр мешавад, аммо монеи рафтани Қайсорӣ шавед". 

Пидром гуфт, ки лаҳни суҳбати Довудзай ин буд, ки ҳама кор хуб аст ва вазъияте, ки дар Шимол аст бигузоред давом кунад ва Шимол ба таври комил суқут кунад ва масъалае ба номи Шимол тамом шавад. 

Пидром дар ин суҳбатҳояш гуфт, ки суханони Довудзай ва ҳамин тавр вазъияти Шимоли ин кишвар нишон медиҳад, ки ҷанг дар ин ҷуғрофиёи Афғонистон қавмӣ аст ва бархеҳо мехоҳанд ин ҷанги қавмиро либоси дигар бипӯшононанд. Ӯ бо ишора ба мавҷуд будани нафарони зиёде аз қавмҳои дигари Афғонистон, аз ҷумла тоҷикҳову узбакҳо ва дигар мардумони турктабор дар сафи Толибон гуфт, ки ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки "Толибон" ҷанги қавмӣ-паштунӣ намекунанд. Ӯ гуфт қавмҳои дигар дар сафи "Толибон" дар сатҳи раҳбарӣ нестанд ва мардумони одие мебошанд.

Ба назари Пидром гуфтугӯҳо ва тамосҳои ҷаҳонӣ бо паштунҳоест, ки роҳбарии "Толибон"-ро дар ихтиёр доранд. Нигоҳи ин раҳбарон султагароёна ва фикри инҳо қавмӣ аст ва ба назари Пидром инҳо масоили Афғонистонро мехоҳанд зери шариати исломӣ пинҳон бикунанд.

Салима Мазорӣ, раиси ноҳияи Чаҳорканти вилояти Балх, ки бо "Толибон" эълони ҷанг кард.

Ӯ гуфт, ки Шимоли Афғонистон дар марзҳои геополитикӣ қарор дорад, марзҳои мустақиму геолполитикие бо Чин, Русия дорад. Илова ба бозиҳои сиёсӣ, масъалаи иқтисодӣ дар Шимол аст ва ҷангҳои калони минтақаиву ҷаҳоние вуҷуд дорад. Ӯ ба баҳсҳои ИМА, Русия, Чин, Ҳинд ва Аврупо дар ин минтақа ишора кард ва гуфт, ки дар ин ҷо баҳси "Як камарбанд ва як масир"-и Чин ҷо матраҳ аст. 

Ба назари ӯ, дар мавзуъи Шимол баҳси калонтаре аз ҷанги "Толибон" бо давлат вуҷуд дорад. Мегӯяд, чанд сол пештар бо ҳимояти Амрикову кишварҳои аврупои неруҳои ДОИШ ба Шимоли Афғонистон интиқол дода шуданд. Ӯ нигаронии вазири корҳои хориҷии Русияро, ки гуфта буд "мо нигарони ҳузури ДОИШ дар Шимоли Афғонистон ҳастем" ба ҳамин маъно донист.

Ӯ гуфт, ки ин суханони Лавров бояд ҷиддӣ гирифта шаванд ва Русия як кишвари муҳимме ҳаст, ки дар ин минтақа ҳузур дорад ва дар соҳаҳои геолполитикии  худ амал мекунад. Пидором мегӯяд, ки Лавров як дипломати барҷаста ва пуртаҷрибае ҳаст ва медонад, ки чӣ мегӯяд.

Барои ҳамин Лавров гуфт, ки мо аз ҳар неруе, ки алайҳи ДОИШ аст, ҳимоят мекунем ва ба назари Пидром ин неру ҳатто метавонад "Толибон" бошанд. Ҳамин аст, ки мегӯяд Пидром,-Маскав бо "Толибон" тамосҳое дорад ва мехоҳад бо онҳо ҳамкор бошад. 

Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон, ки чанд рӯз пеш ба Маскав рафта буд

Ӯ ҷанг дар Шимоли Афғонистонро як ҷанги торик, печида ва мубҳам хонд ва гуфт, ки набояд барои ин ҷанг хунҳо беҳуда рехта шаванд. Ӯ бо хитоб ба тоҷикони Бадахшон ва ҳама тоҷикон ва қавмҳои дигари Афғонистон гуфт, ки дар ин ҷанги хунин набояд ба номи толиб ва ё Ғанӣ якдигарро қатли ом бикунанд. 

Пидром дар ин суханронияш аз толибони бадахшонӣ (толибоне, ки зодаи Бадахшонанд) интиқод кард ва гуфт, ки онҳо натавонистанд дар ин ҳамлаҳои ахири ҳамразмонашон аз ҳамтаборони худ дар Кундуз ҳимоят кунананд, дар ҳоле, ки дар Форёб толибони ӯзбек нагузоштанд, ки толибони паштун ӯзбекҳоро азобу шиканҷа кунанд. Ӯ гуфт мавзуъи 400 хонаводаи бадахшоние, ки Толибон аз Кундуз ронданд, бояд барои толибони бадахшонӣ, қобили баҳс бошад ва дарк кунанд, ин як гуруҳи қавмиандеш аст. 

Ба назари Пидром, "Толибон" ҳатто агар тамоми Афғонистонро аз нигоҳи низомӣ ишғол кунанд, пирӯз намешавад. Зеро, онҳо андешаи давлатсозии мудерн надоранд. Пидром ҳамчунин ҳукумати Ашраф Ғаниро дар Афғонистон шикастхӯрда медонад ва далели онро "фурӯ рафтан дар шовинизми азаматталабонаи қавмии паштунҳо медонад". Ӯ гуфт Ғанӣ мехост, ки як миллат-давлат бо қавме ба номи афғон бисозад, ки шикаст хӯрд. 

Пидром ҳамчунин раҳбарони шимолии Афғонистонро барои надоштани барномаи мушаххаси давлатсозӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки онҳо бештар ба фикри сарвату зарандӯзӣ ҳастанд ва Ҷабҳаи муттаҳиди Шимол, ки замоне онро Аҳмадшоҳ Масъуд раҳбарӣ мекард, шикаст хӯрдааст ва дигар вуҷуд надорад. 

Толибон дар Шимоли Афғонистон

Пидром ҳамчунин ба интиқодҳое, ки аз ӯ шуда буд, ки чаро дар Бадахшон наҷангид посух дод, ки "ман ҳеч гоҳе ба нафъи Ғанӣ намеҷангам".

"Ман чаро барои як одаме, ки ҳувияти маро, забони маро, адолатро таҳаммул надорад, омада як кишварро ба хоку хун кашонда, биҷанагам. Шимолро таслим карда, неруҳояшро ақиб хондааст, фармон додааст, ки ҷанг накунед. Оё мешавад барои чунин одаме ва барномае ҷангид?".

Ҳамчунин Пидром гуфт, ки ӯ як сол аст ба Бадахшон нарафтааст ва ин ҳама гапҳое, ки дар бораи фирори ӯ гуфта шуд, гапҳои дурӯғ ва барои бадном сохтани ӯ будаанд.

Ба назари Пидром роҳи ҳалли мушкили Афғонистон дар шароити ҳозир, гуфтугӯҳо ва музокироти сулҳ аст ва овардани як ҳукумати муваққат, ки битавонад шароитро барои сохтани як давлати созгор мудирият кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.