Сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар бо нашри чанд акс дар саҳфаи Фейсбукаш аз вуҷуди як шаҳраки хаймаҳои паноҳандаҳои шаҳрвандони Афғонистон дар яке аз нуқтаҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон хабар дод. То ин вақт расман аз фиророру ҷо ба ҷо шудани бархе аз шаҳрвандони Афғонистон ба шаҳри Хоруғи ВМКБ Тоҷикистон хабар дода шуда буду халос.

Сафири Афғонистон навиштааст, ки рӯзи панҷшанбеи 17-уми саратони 1400 (8-уми июли 2021) бори дувум ба дидани вазъияти шаҳрвандони Афғонистон, ки аз ваҳшати "Толибон" аз вулусволиҳои Бадахшон ба хоки Тоҷикистон паноҳанда шудаанд, ба манотиқи сарҳадии Тоҷикистон рафт.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи вуҷуди ин шаҳраки хаймаҳо дар яке аз нуқоти марзӣ чизе нагуфтаанд.

Дар аксҳои нашркардаи сафир дида мешавад, ки хаймаҳои зиёде дар яке аз нуқоти марзӣ ҷо ба ҷо шудаанд ва сафири шумораи онҳоро ҳазор нафар гуфтааст. 

Ҳарчанд сафири Афғонистон нагуфтааст, ки ин кадом минтақаи сарҳадии Тоҷикистон аст, вале таъкид кардааст, ки дар ин шаҳраки хаймаҳо бо паноҳҷӯён суҳбат кардааст.

"Азия-Плюс" бо такя ба манобеи  муътамади худаш макони ин паноҳҷӯёнро дақиқ кард, аммо манбаъ гуфт, ки ба далоили амниятӣ набояд макони онҳо, дар ҳоле, ки дар яке аз нуқтаҳои сарҳадӣ ҷойгир аст, расонаӣ шавад.

Бино ба иттилои ин манбаъ, ин паноҳҷӯён асосан низомиён буда, дар миёни онҳо баъзе занону кӯдакони аъзои хонаводаҳои ин низомиён ҳам ҳастанд, ки шумораашон зиёд нест ва дар яке аз нқтаҳои марзии вилояти Хатлон ҷойгиранд.

1/15

Ҳамчунин Муҳаммад Зоҳир Ағбар нагуфтааст, ки ин паноҳҷӯён низомиён ҳастанд ё шаҳрвандони мулкӣ, аммо аз аксҳо дида мешавад, ки ин паноҳҷӯён синну соли гуногун дорад.

Сафири Афғонистон навиштааст, ки ба мардум итминон додааст, ки вазъият тағйир мекунад ва онҳо ба хонаҳояшон бармегарданд. 

Зоҳири Ағбар навиштааст, ки дар ин мулоқоташ бо паноҳҷӯёни кишвараш "аз мардуми дӯст ва бародари Тоҷикистон сипосгузорӣ намуда, ки ҳамворӣ дар чунин шароити сахт ва душвор оғӯши худро барои бародаронашон аз Афғонистон боз нигаҳ доштааст. Мардуми Афғонистон ҳеч гоҳе ҳамкорӣ ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистонро фаромӯш нахоҳанд кард".

Ҳукумати ВМКБ Тоҷикистон дар оғози ҳафта аз ҷо ба ҷо кардани бештар аз 400 паноҳандаи Афғонистон, ки ба гуфтаи ин ниҳод, аксаран занону кӯдакону пиронсолон ҳастанд, дар ин вилоят хабар дод. Ҳарчанд ҳукумати вилоят макони будубоши паноҳандаҳоро нагуфт, вале гуфт онҳо дар макони амне ҷо ба ҷо кардаву барояшон шароитро фароҳам кардааст.

Ҳоло бар асоси охирин хабарҳо гуруҳи "Толибон" тақрибан тамоми манотиқии марзии Афғонистон бо Тоҷикистонро таҳти тасарруфи худ даровардаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз 1400 км марзи муштарак дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.