Интизор меравад, ки, фардо, 22 июл дар Тоҷикистон намоиши даъвати ҳайати захиравии эъзомӣ ё сафарбарии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ростои таҳдиди хатарҳо аз Афғонистон, баргузор гардад. Дар ин бора як манбаъ аз мақомоти қудратии кишвар ба мо хабар дод.

Манбаъи мо дар бораи ҷузъиёти ин маърака шарҳи муфассал надод, танҳо гуфт, ки дар ин рӯз чорабинии муҳими низомӣ сурат мегирад ва дастур шудааст, ки танҳо ҳамон рӯз дар бораи мушаххасоти ин чорабинӣ хабар диҳем.

- Рӯзи 22 июл як чорабинии муҳими низомӣ ба нақша гирифта шудааст, лекин ҳоло мушаххас гуфта наметавонем.  Инро рӯзи 22 июл эълон хоҳем кард,-гуфт манбаъи мо.

Хабари ширкат дар як чорабини муҳими низомиро нахустин шуда гурӯҳи ҷавонони “Авангард” як созмони наздик ба Вазорати корҳои дохилӣ нашр кард. Онҳо аз ҷавонони кишвар даъват намуданд, ки “барои намоиш додани нерӯи ҷавонон ва мардуми сарбаланди кишвар то санаи 22-июл худро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳру ноҳияҳо номнавис карда, санаи болозикршуда, соати 4-00 субҳ барои ҳимояи Ватан дар қатори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ и кишвар саф ороянд”.

Ба ғайр аз ин, роҳбарияти чанде аз муассисаҳои олии кишвар низ ҳайати ситоди мудорфиаи гражданиро барои омодабошӣ даъват карданд.

Аз ҷумла, муовини ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металургии шаҳри Бӯстон (Чкаловск)  ва ҳамчунин, сардори ситоди мудофиаи гражданӣ дар Донишкадаи мазкур Зимониддин Насриддинов бо нашри як эълон  аз ҳайати шахсии кормандони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даъват намуд, ки “ба ситоди донишкадавӣ то санаи 21.07.21 ҳозир шаванд!”

Ӯ дар шарҳи даъвати аъзои ситоди мудофиаи гражданӣ гуфт, ки ин машқҳои низомӣ аст ва омодагии дифоии кормандони то 55-солаи донишгоҳро месанҷанд.

Ӯ гуфт, чунин ҷамъомад ва сафарбаркунӣ бо супориши Вазорати дифои кишвар гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки намоиши сафарбаркунӣ ё хзишҳо барои ҳимоят аз амнияти кишвар дар баробари таҳдидҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сурат мегирад.

Пахши зинда дар ТВ-и давлатӣ

Як манбаъ аз телевизионҳои кишвар ҳам гуфт, ки рӯзи 22 июл воқеан, як чорабинии муҳими низмоӣ дар назар аст ва барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани он телевизионҳо давлатӣ супориш гирифтаанд, ки рафти онро мустақиман пахш намоянд.

- Дар назар аст, ки дар Гвардияи миллӣ Паради ҳарбӣ гузарад. Ҳамин тариқ, дар минтақаҳо ҳам ҷамъомади муҳим баргузор мегардад, парад мегузарад ва  сардорони ситод ба Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузориш медиҳанд,-гуфт манбаъи мо.


Ба ҳайати низомиёни захиравӣ киҳо дохил мешаванд?

Омодагӣ ба як чорабинии муҳими низомӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки панҷуми июл дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки барои мустаҳкам кардани сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 20 ҳазор низомии эҳтиётиро сафарбар кунад.

 Худи Эмомалӣ Раҳмон субҳи 16 июл ба отрядҳои марзбонии Панҷу Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки дар марзи Афғонистон қарор доранд, рафта буд. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии ин сафарро шиносоӣ бо ҳолати омодагии ҷангии низомиён унвон кард.

Сухангӯи Вазорати дифои кишвар Фариддун Маҳмадалиев, дар шарҳи мафҳуми низомиёни эҳтиётӣ бо “Азия плюс” гуфт буд, ки инҳо нафароне мебошанд, ки дар қайди комисариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳастанд.

- Қисме аз онҳо, ки дар артиш хидмат накардаанд ва инҳо асосан донишҷӯёни донишгоҳҳо мебошанд, дар сурати зарурат, ҳангоми сафарбаркунӣ барои онҳо тайёрии ҳарбӣ гузаронида мешавад. Дар ҳоли ҳозир ҳамаи неруҳои эҳтиётӣ дар омӯзиш ва дараҷаҳои омодагӣ ҳастанд. Ҳоло сафарбар нашудаанд,-гуфт Ф. Муҳаммадалиев.

Ӯ уфта буд, ки ҳоло қувваҳое, ки барои ҳифзу ҳимояи минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ зарурат дорад, басанда аст. Чунки ҳоло ягон “агресия” нест. Сафарбаркунии онҳо дар сурати таҳдиди воқеӣ сурат мегирад.

Сомонаи “your.tj” аз қавли манбаъаш аз Вазорати дифо навиштааст, ки дар ҳолати ҳуҷум аз ҷониби Афғонистон онҳо захираҳои эҳтиётиро дар тамоми Тоҷикистон ҷамъ наоварда, танҳо аз ҳисоби мардони минтақаҳои наздисарҳадии аз 18 то 40-сола ҷамъоварӣ мекунанд.

Як коршиноси масоили низомӣ ва полковники мустафъӣ, ки нахост номаш бурда шавад, зимни суҳбат бо мо гуфта буд, ки ба низомиёни эҳтиётӣ ҳамаи кормандони мақомоти қудратӣ, ки ба нафақа буромадаанд, онҳое, ки хидмати аскарӣ кардаанд ва донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбӣ хондаанд, дохил мешаванд. Вале дар мадди аввал кормандони мақомотҳои қудратӣ, ки ба нафақа рафтаанд шомил мешаванд, чунки онҳо таҷрибаи ҳарбӣ доранд. Онҳое, ки хидмат кардаанд ва ё кафедраҳои  ҳарбӣ хонаанд, аввал ба омӯзишҳои ҳарбӣ фаро гирифта, баъд сафарбар мекунанд.

- Нерӯҳои эҳтиётиро дар хати марз вобаста ба касбашон мепартоянд. Вале инҷо як масъала аст. Хӯронидан ва пӯшонидани 20 ҳазор нафар кори осон нест. Таъмини аслиҳа ва ҷойи хоб мушкили дигар аст. Баъзе аз кормандони мақомоти қудратии таҷрибадор барои рафтан ба марз маблағ талаб мекунанд. Ба онҳо маош додан лозим аст. Ин як механизми калон аст, ки давлат бояд пешакӣ омодагӣ дида бошад,-мегӯяд ин коршиноси тоҷик.

Ба таъкиди вай, сафарбаркунӣ ихтиёрӣ бояд сурат гирад.

Ба андешаи собиқ муовини фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал Нуралишо Назаров ба нерӯҳои эҳтиётӣ нафарони аз 18 то 50 солаи дорои дафтарчаи ҳарбӣ дохил мешаванд.

- Раванди сафарбаркунӣ бо даъвати комиссаарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад. Ҷамъ мекунанд, ба кадом қитъаи сарҳад, ки зарур аст мепартоянд, “казарма” ташкил мекунанд, онҳоро бо хӯрокаву пӯшока ва яроқу аслиҳа таъмин мекунанд,-гуфт ин генерали тоҷик.


Коронавирус ва фосилаи иҷтимоӣ чӣ мешавад?!

Ҷамъоварии ҳайати захиравии сафарбаркунии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳолест, ки тӯли тақрибан ду моҳ мешавад, ки дар Тоҷикистон мавҷи дуввуми коронавирус ҳукмфармо аст.

Ситоди ҷумҳурияии пешгирӣ аз бемории коронавирус ба сокинон тавсия медиҳад, ки бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд ва дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ фосилаи иҷтимоиро риоф намоанд. Ҳатто, ба аҳолӣ тавсия шуда буд, ки намози Иди Қурбонро ҳам дар хонаҳояшон хонанд. Пас саволе ба миён меояд, ки ҷамъоварии шумораи зиёди ҳайати захиравӣ барои паҳн шудани бемории коронаврус дар кишвар сабаб намешавад? Дар ҳоле ки аниқ аст, дар парадҳо ҳарбӣ фосилаи иҷтимоӣ  риоя карда намешавад.

Тоҷикистон аз суқути манотиқи зиёди Афғонистони ҳамсоя, хусусан манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон сахт нигарон аст. Ҳоло наздик ба 80 дар сади мавзеҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон дар вилоятҳои Балх, Кундуз, Тахор ва Бадахшон ба дасти "Толибон" афтодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.