Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 13 июли соли равон ба имзои лоиҳаи созишнома дар бораи мусоидати ҳарбиву техникии ҳукумати Қазоқистон дар таъмини амният дар ноҳияҳои ҳамшафати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дастур медиҳад.

Санадро аз номи ҳукумати Тоҷикистон сафири кишвар дар Қазоқистон ба имзо мерасонад.

Дар лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, кумаки ҳарбию техникӣ дар шакли ройгон додани молу мулки ҳарбӣ расонида мешавад.

“Номгӯй ва ҳаҷми молу мулки ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Тарафҳо бо роҳҳои дипломатӣ дар давоми ду моҳ пас аз ба имзо расонидани Созишномаи мазкур мувофиқа карда мешавад”, - зикр мешавад дар лоиҳа.

Гуфта мешавад, кумаки гирифтаашро Тоҷикистон бояд танҳо бо мақсади таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон истифода барад.

Хароҷоти расонидани амволи ҳарбӣ то Душанбе (истгоҳи роҳи оҳани “Роҳатӣ”) аз ҳисоби ҳукумати Қазоқистон таъмин мешавад.

“Анҷоми расмиёти гумрукӣ ва эъломиякунонии амволи ҳарбии таҳвилшаванда дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон мутобиқи қонунгузории Иттиҳоди иқтисодии авруосиёӣ амалӣ мегардад”, - таъкид мешавад дар лоиҳаи созишнома.

Молу мулки ҳарбии таҳвилшаванда аз тамоми намуди пардохту андоз ва боҷҳо озод мебошад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи май Қазоқистон изҳор дошт, ки ният дорад ба Тоҷикистон аз лиҳози ҳарбӣ-техникӣ кумак кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.