Гуруҳи "Толибон" дар ду рӯзи ахир шаҳри Кундуз, маркази вилояти Кундузро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст ва ҳамчунин шаҳри Сарипул - маркази вилояти Сарипулро низ, ғасб кардаанд.
Бино ба гузориши расонаҳои Афғонистон, толибон бинои ҳукумати вилоят, фармондеҳии пулис ва раёсати амнияти миллӣ дар Сирипулро гирифта, дар ин вилоят танҳо вулусволӣ (ноҳия)-и Балхоб дар дасти давлат мондаасту халос. Гуфта мешавад, ки мақомҳо ва неруҳои давлатӣ дар яке аз қисмҳои низомӣ дар шаҳри Сарипул дар муҳосираи "Толибон" мондаанд.
Ба ҳамин тартиб "Толибон" тамоми идораҳои давлатӣ ва бахшҳои муҳими шаҳри Кундузро низ гирифта, ҷанг дар кӯчаву паскӯчаҳои ин шаҳр идома дорад.
Ду рӯз пештар "Толибон" шаҳри Толиқон маркази вилояти Тахор ва Шибирғон - маркази вилояти Ҷузҷонро низ тасарруф карда буданд, ки акнун дар ин шаҳрҳо ҷангҳои шадиде миёни неруҳои давлатӣ ва ҷангҷӯёни толиб идома дорад.
Бархе аз намояндаҳои вилоятҳои Сарипул ва Кундуз дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар суқути ин ин шаҳрҳо бекифоятии давлат ва ниҳодҳои амниятиро зикр кардаанд ва гуфтаанд, ки ҳукумат нисбат ба вазъи ин шаҳрҳо бепарвоӣ кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста