Дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон, ки дар наздикии марз бо Афғонистон воқеъ аст, чанде пеш марҳилаи хотимавии машқҳои низомии бузургмиқёси ҷузъу томҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия ва Ӯзбекистон ба поён расид.

Ба ин машқҳои 10-рӯза беш аз 2,5 ҳазор сарбозону афсарони артишҳои се давлат, 500 воҳиди техникаи ҳарбӣ ва тӯпҳо (артиллерия), 25 ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ ҷалб карда шуданд.

Дар машқҳо бори аввал истифодаи гурӯҳи неруҳо бо истифодаи густардаи авиатсия, дастгоҳҳои иктишофӣ ва оташфишонӣ, гурӯҳи фурудҳои ҳавонавардӣ (десантҳо) нишон дода шуд.

Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо гуфт, ки чунин тамринҳои зиддитеррористӣ дар таърихи ҳамкориҳои низомии се кишвар бори аввал баргузор шуданд ва дар ин робита зикр кард:

"Таҳлили равандҳои солҳои охир гувоҳи онанд, ки вазъи минтақаи мо ба чӣ гуна ҷараён гирифтани рӯйдодҳо дар вазъи сиёсии Афғонистон вобаста хоҳад буд".

Аз ҷараёни баргузории машқҳои бузургмиқёс наворбардори мо гузориши видеоӣ таҳия намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.