Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рӯзи 11 август чорабинии сӯзонида несту нобуд кардани маводи нашъадор доир гардид.
Тавре ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин чорабинӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳузури намояндагони расонаҳои хабарӣ, мақомоти Прокуратура, Суд ва дигар ташкилоту идораҳои марбута зиёда аз як тонна навъҳои гуногуни ин бори марговарро тариқи сӯзонидан маҳву нобуд намуданд.
Гуфта мешавад, аз ҷумла 34 кг 390 гр героин, 214 кг 563 гр афюн, 605 кг 483 гр бангдона, 272 кг 504 гр ҳашиш ва дигар намуди моддаҳои нашъадор ба коми оташ рафтанд.Ҳамчунин 216 грамм воситаҳои нашъадори синтетикии “Амфетамин”, 1 кг 971гр - “Метамфитамин”, қари 2кг - “Метадон” ва 1кг 127 гр - “Алпразолам” низ сӯзонида несту нобуд карда шуданд.
Ёдрас мешавад, ки маводи нашъадори сӯзонидашуда далелҳои шайъие буданд, ки аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоб мусодира гардидаву нисбаташон ҳукми суд содир гардидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста