Имрӯз, 23 сентябр, як гурӯҳ сокинони наздимарзии Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи Тоҷикистон хонандагони мактабро аввал сангборон ва баъдан латукӯб кардаанд.
Дар ин бора, сокинони маҳаллӣ ва як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ба “Азия плюс” хабар доданд.
“Ҳодиса имрӯз тақрибан соати 11:00 рух дод. Қирғизҳо аз деҳаи ҳаммарзи Куктош ду духтарча – хонандаи мактаби 64-ро аввал сангборон ва баъдан латукӯб кардаанд. Онҳо ба ин маҳдуд нашуда ба хонаи онҳо даромада волидайнашонро низ латукӯб кардаанд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сокини маҳаллӣ.
Ба гуфтаи манбаъ даҳону бинии мард шикаста, алҳол дар беморхонаи бистарӣ аст. Дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ шудани се нафарро дар натиҷаи ин ҳодиса тасдиқ карданд, аммо маълумоти бештар надоданд.
Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” гуфт баъди ҳодиса раиси ҷамоати Чоркӯҳ ва раиси шаҳр ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва бо ҳамтоёни қирғизашон гуфтугӯ доранд. Натиҷааш ҳоло маълум нест.
Дар мавриди сабабҳои сар зудани ҳодиса иттилоъ дода намешавад.
Тафсилот мушаххас карда мешаванд.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста