Дар Мурғоб гургон ба галаи қутосҳо ҳамла карда, чӯпонҳо худро муҳофизат карда наметавонанд. Онҳо аз мақомот дархост мекунанд, ки барояшон ба истифодаи силоҳ ҳадди ақал дар мавсими зимистон иҷоза дода шавад.

Чанд рӯз пеш гургон қутоси вазнаш ҳудуди 400 килоро, ки ба сокини деҳаи Аличур Қодирбой тааллуқ дошт, нобуд кардаанд.

"Галаам аз деҳа дур аст, бо ҳамсарам зиндагӣ мекунам, дар наздикиҳо каси дигаре нест", - мегӯяд чорводор. - Шароити мо хеле вазнин аст. Бо ин сабаб, гургон на танҳо шабона, ҳатто рӯзона ҳам ба рама ҳамла мекунанд. Ба назорати ин ҳама ман фурсат надорам, зеро ба ҷуз қутосҳо чорвои хурд ҳам дорам. Чорво қариб ҳар рӯз нобуд шуда, аз дасти ман ҳеҷ коре намеояд".

Ба гуфтаи Қодирбой, ӯ пештар силоҳи шикорӣ дошта, он қонунӣ ва ҳама ҳуҷҷатҳояш дуруст буданд.

Имсол бошад, силоҳи онҳоро гирифтанд, вале шарҳ надоданд, ки бо кадом сабаб. Гуфтанд, ки аз боло фармон ҳаст.

“Ман шикор намекардам, силоҳ барои тарсонидани гургон лозим буд. Акнун он нест ва намедонам, ки гургонро бо чӣ ронам. Аз ин рӯ, боисрор аз ҳукумат дархост мекунем, ки барои истифодаи силоҳи шикорӣ ба мо иҷоза диҳанд. Агар галаи гургон ҳамла кунад, чорво як тараф, мо ҳатто худро муҳофизат карда наметавонем”, - изҳор дошт Қодирбой.
Гург қутоси калонро нобуд кард
Сурат аз худи чорводор

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба синни 21-солагӣ расидаанд, пас аз гирифтани иҷоза барои харидории навъи мушаххаси силоҳ дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли зист, ба дастрас намудани силоҳи худмуҳофизатӣ, варзишӣ, шикорӣ ва бонгдиҳӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд. Ин ба ҷӯпонҳо ҳам дахл дорад.

Қутосҳо ва гургон

Дар Тоҷикистон саршумори аз ҳама зиёди қутосҳо дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ парвариш мешавад.

Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии ВМКБ, соли 2020 саршумори умумии қутосҳо дар қаламрави вилоят ҳудуди 25 ҳазор сарро ташкил медод, ки 20 ҳазор сари он дар Мурғоб мавҷуд аст.

Қутосҳоро дар ин ҷо барои истеҳсоли гӯшт, шир ва пашм парвариш мекунанд. Дар бозори марказии шаҳри Хоруғ як кило гӯшти қутос 45 сомонӣ нарх дорад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти оморӣ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ саршумори гургон дар Тоҷикистон зиёда аз ҳашт баробар афзудааст: ахиран онҳо на танҳо ба чорво, балки ба одамон низ ҳамла мекунанд.

Соли 2019 галаи гургон ба ду зани сокини ноҳияи Шуғнон ҳамла карда, занон аз ҷароҳатҳои гирифта ҳалок шуданд. Моҳи январи соли 2020 дар ҳамин ноҳия гургон ба кӯдаки панҷсола ва як мард ҳамла карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.