Тамринҳо дар машқгоҳҳои “Ҳарбмайдон” ва “Момирак”, ки бевосита дар наздикии сарҳад бо Афғонистон ҷойгиранд, баргузор мешаванд.

Аз 10 то 23 октябр дар доираи чорабиниҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар машқгоҳҳои дар боло зикршудаи Тоҷикистон якбора се тамрини низомӣ баргузор мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Ин тамринҳо аз машқҳои воҳидҳои тадорукот ва роҳандозии иктишоф (разведка) “Поиск-2021”, воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникии “Эшелон-2021” ва Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал - “Взаимодействие-2021” иборатанд.

Дар ҷараёни тамрини махсуси “Эшелон-2021” санҷишу таҷрибаи масоили ташкили таъминоти моддиву техникии неруҳои дастаҷамъонаи СААД зимни омодагӣ ва иҷрои амалиёти муштарак мавриди озмоиш ва амал қарор мегирад.

Ҳадаф аз тамрини “Поиск-2021” (Ҷустуҷӯ-2021) санҷиш ва дар амал озмоиш кардани ташкил ва пешбурди корҳои иктишоф (разведка) бо неру ва воситаҳои мақомоти иқтишофии кишварҳои узви Созмон мебошад.

Дар доираи тамрини муштараки “Взаимодействие-2021” (Ҳамкории мутақобила) Неруҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД масоили омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак оид ба пешгирӣ ва қатъи низои мусаллаҳонаи сарҳадиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди озмоишу амал қарор медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ба ҳайати СААД кишварҳои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.