Мақомоти қудратии Тоҷикистон бо гузашти наздик ба ду ҳафта аз ҳаводиси 25-28 ноябри соли равон дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ, бо нашри як барнома ё филми мустанаде бо номи “Нурӯи қонун” дар телевизиони маҳаллии “Бадахшон” баъзе паҳлуҳои ҳодисаҳои ахир рухдода дар Хоруғ ва Роштқалъаро шарҳ додааст.

Ин барнома шоми 9-уми декабр дар телевизиони "Бадахшон" намоиш дода шуд ва пас аз он дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр шуд.

Дар барнома шоҳидони ҳоводиси охири Хоруғ, раиси собиқи ВМКБ Ёдгор Файзов, ҳуқуқшинос, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Роштқалъа, намояндагони эътирозгарону ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи гурӯҳи тафтишотӣ ва дигарон дар мавриди ҳаводиси ахир нуқтаи назари худро баён мекунанд.

Дар ин барнома “намояндагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ” ба он айбдор мешаванд, ки аз номи мардуми вилоят ҳарф зада, ҳадафҳои худро амалӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ки аз номи мардуми Тоҷикистон танҳо раисҷумҳур ва маҷлисҳои порлумон дар ҷаласаҳои муштараки худ ҳаққи сухан кардан доранду халос.

Дар ин барнома, ҳамчунин изҳори таасуф мешавад, ки аҳли зиё, устодон, кормандони масъули сохторҳои давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар тарбияи насли наврасу ҷавон заъифанд ва ҷавонон ноогоҳро дар ихтиёри гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ мегузоранд.

Дар ин барнома, масъалаи мубориза алайҳи амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, мубориза барои наҷоти фарҳанг у ҳувият ва аслоти миллӣ таллақӣ мешавад.

Дар ин барнома мақомоти давлатӣ, бори аввал ба оғози моҷарои Гулбиддин Зиёбеков ва ёвари пешини додситони Роштқалъа мепардозанд ва қазия Зуҳро Шоҳназароваро расонаӣ мекунанд.

Зуҳро Шоназарова зани 24-солаи сокини ноҳияи Роштқалъа аст, ки ба иддаои бархе сокинони ноҳияи Роштқалъа, гӯё ёвари додситон Абирзода Абдусамад дар зимистони соли 2020 ба ӯ пешниҳодҳои маҳрамона кардааст.

Боз дар бораи Зиёбеков: “ба камзули як корманди амният тир зад”


Дар аввали барнома иттилои пешини мақомот дар бораи боздошти сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков пахш мешавад. Гуфта мешавад, ки Гулбиддин аз 4 марти соли 2020 дар кофткувофи ҷинӣ буд ва ҳангоми боздошт ӯ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, ба сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ тир холӣ кард, ки як тир ба камзули яке аз кормандони мақомоти амният расид. Аммо гуфта нашудааст, ки корманди амният захмӣ шуд ё не.

- Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ Гулбиддин Зиёбеков захмдор шуда, дар роҳ ба беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ ба ҳалокат мерасад. Зимни гузаронидани корҳои тафтишоти дар ҷои ҳодиса тапончаи Макаров бо тирдон дарёфт шуд,- зикр мешавад дар барнома.

Дар идома аз Гулбиддин яке аз саркардагони гурӯҳҳои муташакиили ҷиноятии ноҳияи Роштқалъа ном бурда шуда, гуфта мешавад, ки ӯ дар ғасби ҳокимият, монеагӣ ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муқобилият нишон додан ба намояндагони ҳокимият, таҳқир, таҳдид, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ даст дорад.

Мақомот Гулбиддинро ба он гунаҳкор мекунанд, ки дар маҳалли зисташ мунтазам ба фаъолияти нозирони минтақавӣ монеа эҷод намуда, ҳамзамон, садди роҳи чорабиниҳои санҷишии мақомотҳои давлатӣ мегардид. Дар идома аз чанд ҷинояти Гулбиддин ба таври мушаххас ёдоварӣ мешавад.

Муттаҳам шудани Зиёбекову ҳамроҳонаш дар латукӯби Шодихони Ҷамшед ва раиси собиқи ноҳияи Роштқалъа

Аз ҷумла гуфта мешавад, ки моҳи сентябри соли 2017 Зиёбеков дар якҷоягӣ бо ҳаммаслакони ҷиноятиаш Самад Аловатшоев, Қимматшо Палвонов ва дигарон, дар маҷмӯъ, 20 нафар прокурори ноҳияи Роштқалъа Анвар Нарзуллозодаро таҳқир намуда, ба рафти баррасии моводҳо оид ба сохтмони ғайриқонунӣ дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дахолат мекунад.

Шодихони Ҷамшед, раиси собиқи ВМКБ

Ҳамчунин, мақомот ӯ ва ҳаммаслаконашро ба таҳқири собиқ раиси ноҳияи Роштқалъа Юсуф Султонноёбов дар моҳи октябри соли 2017, ғасби бинои ҳукумати Бадахшон, латкӯби собиқ раиси вилоят Шодихони Ҷамшед ва кормандони ҳукумати вилоят дар моҳи майи соли 2018, иштироки фаъол дар бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Хоруғ ва сокинонро ба муқобилият нишон додан ба сохторҳои давлатӣ дар моҳи октябри соли 2018, дар ҳуҷуми дидбонгоҳи доимоамалкунадаи БДА воқеъ дар маҳалли Тирчиди шаҳри Хоруғ ва оташ задани вагони дидбонгоҳи мазкур дар соли 2019 гунаҳкор медонанд.

Қазияи Абирзода – ёвари додситони Роштқалъа

Дар идома аз ҷинояте ном мебаранд, ки сабаби эътирозҳои 25-28 ноябри соли 2021 шудааст.

Гуфта мешавад, ки 1 феврали соли 2020 Гулбиддин Зиёбеков дар якҷоягӣ бо алоқаҳои ҷиноятиаш Парвиз Ғоибназаров, Фирдавс Фурайдонов, Самад Аловатшоев ва дигарон дар латукӯби ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъа Абдусаттор Абирзода ва муфаттиши гурӯҳи тафтишотии шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Роштқалъа Ҳабиб Маҳмадов гунаҳкор мебошанд. Ҳамзамон дар барнома, лаҳзаи “бозпурси”-и Абирзода аз сӯи сокинон, ки ҳанӯз як сол пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд, нишон дода мешавад.

Дар идома гуфта мешавад, ки маҳз Зиёбеков Абирзодаро гаравгон гирифта, муддати 8 соат нигоҳ медорад.

- Баъдан онҳо бо дигар ҷавонони ноҳияи Роштқалъа, дар маҷмӯъ 160 нафар ба ҳукумати ноҳияи Роштқалъа зуран даромада, даст ба бетартибӣ ва амалҳои авбошона мезананд. Гулбиддин Зиёбеков дар дохили бино кормандони ҳифзи ҳуқуқро дағалона таҳқир карда, мегӯяд, “мо аз баҳри ҳама чӣ гузаштаем, мо переварот мекунем”,- гуфта мешавад дар гузориши телевизионӣ.

Қазияи Зуҳро Шоназарова: зане, ки гӯё ёвари додситон ба ӯ пешниҳодҳои маҳрамона кардааст

Мақомот аз “ҷабрдида”-и асосии қазия, ки гуфта мешавад гӯё ҳамаи ҳаводис аз ӯ оғоз шудааст, Зуҳро Шоҳназарова ном мебаранд ва таъкид мекунанд, ки қазияи қаблан аз ҷониби Зиёбеков ва ҳаммаслакони ӯ таҳрезӣ гардида,  онҳо бо мақсади таҳқир ва латукӯби Абдусаттор Абирзода ва дахолат ба фаълияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз дасиса ва найрангҳои Шоназарова истифода намудаанд.

Зуҳро Шоназарова

- Гӯё Абирзода ба Шоназарова занг зада ӯро ба мулоқот даъват намуда бошад. Санҷиши ҳолати мазкур собит намуда, ки Абирзода ягон маротиба бо Шоназарова вонахӯрдааст,- гуфта мешавад дар навори мазкур.

Мақомот мегӯянд, ки таҳқиқи зангҳои воридототиву содиротии телефони Зуҳро Шоназарова ба Абирзода нишон додааст, ки Зуҳро 12 маротиба ба Абирзода шахсан занг зада дар маҷмӯъ, 59 дақиқа суҳбат кардааст. Дар баробари ин, Абирзода ба Шоназарова ҳамагӣ 4 маротиба ба муддати 1 дақиқаву 4 сония робитаи телефонӣ барқарор кардаасту халос,- гуфта мешавад дар ин барнома.

Баёноти Файзов: аз гуноҳу бегуноҳии Зиёбекову Абирзода то назари Оқохон ба митингҳо

Дар идомаи ин барнома раиси собиқи  ВМКБ Ёдгор Файзов асли қазия миёни милиса, ёрдамчии прокурор, духтари “ҷабрдида” ва умуман рафти ҳодисаро нақл мекунад.

Файзов дар суҳбати 14-дақиқаӣ дар ин филм изҳор мекунад, ки аз ҳодисаи мазкур, огоҳӣ дошт ва бо духтаре, ки бо ёрдамчии прокурори ноҳия тариқи телефони суҳбат намудааст, ҳамсуҳбат шудааст.

Ӯ гуфт, ки оғози бадбахтӣ маҳз аз Ҳабиб Маҳмадов корманди милисаи Роштқалъа  сурат гирифтааст ва гунаҳгори асосии қазия низ ӯ мебошад.

"Ҳамин оғози бадбахтист ва ҳамин одам аст, ки барои гирифтани шиносномаи қалбакӣ пулу як сар буз аз духтар талаб кард ва ба ваъдааш вафо накард. Балки ӯро бо ёрдамчии прокурор пайваст намудааст",-мегӯяд Файзов.

Ба гуфтаи ӯ, ин суҳбат ғазаби ҷавононро овардааст ва хостаанд, ки ёрдамчии прокурорро оварда ҷазо диҳанд, то бахшиш бипурсад.

Файзов мегӯяд, ки баъди қазияи ёвари додситон ва моҷарои ба дунболи он, овоза паҳн шуд, ки ин духтар (Зуҳро Шоназарова)-ро дар прокуратураи вилоят таҳқир кардаанд ва  он духтар ҳамроҳ бо падараш ба назди ӯ омадаанд.

Ёдгор Файзов мегӯяд, ҳамроҳ бо муовини аввали вақти раиси вилоят Алишер Мирзонабот духтарро бо падараш ва 4 ҷавони сокини Роштқалъа  пазируфта, асли қазияро ҷӯё шудаанд.


Раиси собиқи вилоят мегӯяд, дар суҳбат Шоназарова ба ӯ нагуфтааст, ки ӯ низ ба ёрдамчии прокурор тамос гирифтааст. Вале гуфт, ки ёрдамчии прокурор ба ӯ занг зада таклиф намудааст, ки «биё вохӯрем ва масъалаи шиносномаатро ҳал кунем. Вақте ин гап ба гӯши ҷавонони ноҳия расид, дигар маълум чӣ кор шуд».

Ба нақли Файзов, Зуҳро Шоназарова ба ӯ гуфтааст, ки пас аз он ки аз Русия хориҷ шудааст, ба ШВКД-и Роштқалъа рафтааст, ки то дубора шиносномаи хориҷӣ дуруст кунад. Аммо дар он ҷо Ҳабиб баъди гирифтани 300 сомониву як сар буз корро буд накарда, Шоназароваро бо Абирзода пайваст мекунад.

Файзов дар ин суҳба мегӯяд, ки аз духтар пурсид, дар додситонӣ ӯро касе дашному таҳқир намудааст ё не, духтар гуфтааст  не, аммо пурсиш дуру дарозу хастакунанда буд.

Дар суҳбат ҷавонон аз духтари ҷабрдида талаб намуданд, ки ҳар чизе ба онҳо гуфтааст ба раиси вилоят низ қисса кунад, вале духтар гуфтаст, ки дигар гапе надорад,-мегӯяд раиси собиқи вилоят.

Файзов гуфт, духтар аз вай ҳам хоҳиш кардааст, ки барои гирифтани шиносномаи нав кумакаш кунанд, то ки вай ба Русия баргардад. Вале Файзов инро ҳамчун як кори ғайриқонунӣ рад карда, ба духтар ҳам фаҳмондааст, ки ин фоида надорад, чунки аз изи  чашму ангуштон кӣ будани ӯро дар Русия маълум мекунанд ва ё депорт мешавад, ё зиндон. Баъди ин Шоназарова ва падараш хостаанд, то корманди милиса пулу бузи аз онҳо гирифтаашро баргардонад.

Файзов дар сабт мегӯяд, дар он мулоқот он ҷавононро ҳам барои гаравгон гирифтани ёрдамчии прокурору сабт кардани узрхоҳии ӯ накӯҳиш кард.

Файзов дар ин суҳбаташ мегӯяд, ки ин ҳодиса ба дину мазҳаб ҳеҷ рабте надорад ва дар ҳеҷ ҷое гуфта нашудааст, ки духтари исмоилӣ набояд ба як нафаре, ки ба дину миллат ва нажоди дигар тааллуқ дорад суҳбат накунад. Имрӯз духтарони ҷамоати исмоилӣ бо мардони сунӣ, насрониву католик издивоҷ кардаанд, ки инро касе манъ накардааст.

Раиси собиқи вилоят дар ин барномаи аз дидгоҳ ва фармонҳои пешвои исмоилиёни ҷаҳон, Мавлоно Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ ёдовар мешавад, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ фармоне муридони худро ба ҷанг, гирфитани яроқ ва ба ҳамош даъват накардааст

“Дар кадом лаҳзае набошад, ӯ мегӯяд, аз рӯи қонун дар чорчӯбаи қонуни ҳамон давлат, талаботи ҳамон ҳукумат амал кунед. Дар бораи зурӣ ва фишороварӣ дар ягон баромад гуфта нашудааст”,-хулоса мекунад Файзов.

Боз қазияи Зиёбеков: “Ба назди шуъбаи амният барои иғво бардоштан омада буд”

Баъди мусоҳибаи Файзов, дар бораи чандин маротиба даъватнома равон кардан барои ихтиёран ба мақомот ҳозир шудани Зиёбеков ва ҳар маротиба бо таҳқир гусел намудани кормандони ҳифзи ҳуқуқ, 3 маротиба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳии муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода бо бародари Зиёбеков -Интизор Зиёбеков ва ҳамчунин корҳои фармондаҳӣ барои ихтиёран омадани ӯ бо раиси ҷамоати Гадоелиеви Роштқалъа ва ҳамсояву бародари Гулбиддин, вале банатиҷа будани ин мулоқотҳо ёдоварӣ мешавад.


Раиси ҷамоати Гадоелиеви ноҳияи Роштқалъа Муқим Латипов шоҳидӣ медиҳад, ки воқеан бо онҳо суҳбат намудааст, вале вақте онҳо ба Гулбиддин инро мерасонанд, ӯ мегӯяд, худро намесупорад.

Дар идома, аз дигар амалҳои Зиёбеков ёдоварӣ карда, мақомот мегӯяд, Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 27 октябри соли 2021 ба назди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ротшқалъа бо мошини бе рақами қайди давлатӣ барои иғвобардоштан мусиқии мошинро баланд карда, бо садои баланд фаёд мезанад: “Ман Зиёбеков Гулбиддин ҳастам, биёед маро датсгир кунед. Маро касе дастгир карда наметаовнад, чӣ тавре хоҳам дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъа гаштугузор мекунам”.

Суханони ӯро дар ин барнома сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Роштқалъа тасдиқ мекунад.

Аз лату кӯб шудани додситони Хоруғ то раиси вилояту вакили порлумон

Мақомот мегӯянд, дар гирдиҳамоии ғайриқонунии шаҳри Хоруғ 25 ноябр прокурори шаҳри Хоруғ Носирҷон Рауфзода ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ вобаста ба тафтиши сабаби марги Зиёбеков Гулбиддин дар беморхонаи вилоятӣ аз ҷониби аъзоён гурӯҳҳои ҷиноятии шаҳри Хоруғ беасос мавриди латукӯби шадид қарор мегирад.

Ҳамчунин, дар идомаи навор рафти латукӯби чанд нафар аз ҷониби эътирозгарон ва мусодираи яроқ нишон дода мешавад.

Баъди ин гуфта мешавад, ки шаби 25-26 ноябр шахсони номаълум ба отряди сарҳадии шаҳри Хоруғ якчанд маротиба кӯшиши ҳамла намудан карданд, вале он пешгирӣ карда шуд.

Дар барнома ҳамчунин, аз баромадани раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба назди тазоҳуротгарон, қайд гардида, таъкид мешавад, ки эътирозгарон барқасдона ба раис ва ҳамроҳонаш бо корду табар ҳамла карданд ва дар натиҷа, ба раиси вилоят ва вакили мардумӣ Гиёзода Азиз зарари вазнин ҷисмонӣ расид. Баъди ин мақомот маҷбур шуданд, ба ҳаво тири огоҳкунанда парронанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар маврди ҳодисаи мазкур парвандаи ҷинотӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.

Аз “гуноҳ”-и сафедор то сармоягузории эътирозҳо аз хориҷ


Дар барномаи “Нурӯи қонун” гуфта мешавад, ки эътирозгарон бо истифода аз дарахтон роҳи автомобилгарди байналмиалии Душанбе-Хоруғ-Қулмаро бастанд, ки ин ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят беш аз 7 млн сомонӣ зарари моддӣ расонид.

Дар идома ду ронандаи автомошинаи боркаш аз боздошти мошинашон аз сӯи сокинони вилоят нақл мекунанд ва гуфта мешавад, ки аз ноҳияи Рӯшон шахсони номаълум аз яке аз ронандаҳо 1700 сомонӣ тасарруф кардаанд.

Дар навори телевизиони “Бадахшон” иддао карда мешавад, ки дар рафти ҳаводиси Хоруғ бо мақсади мураккабтар кардани вазъ, ташкили бенизомӣ, халалдор кардани зиндагии осиштаи мардуми вилоят ва давом додани эътирозҳои ғайриқонунӣ аз хориҷи кишвар рӯзҳои 26-27 ноябри соли ҷорӣ ба саркардагони гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ (Аслишо, Наврӯзшо, Хурсанд ва Қурбон) маротибаи аввал 500 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуввум 13 ҳазор доллари америкоӣ интиқол намуда, саркардагони гурӯҳҳо онро барои ҷалби ҷавнон ба гирдиҳамоии ғайриқонуни содир кардани ҷиноят ва дигар мақсадҳои ғаразнок сарф намуданд.

Дар идома ба саркардагони гурӯҳҳои муташакиили ҷиноятӣ даъват карда мешавад, ки ба ҳаракатҳои худ хотима бахшида, ба мақомот ихтиёрӣ ҳозир шуда, ҷуброни зарари дар натиҷаи кирдорҳои ҷинояткоронаи худ расонидашударо барқарор созанд ва ба онҳо сабукӣ пешбинӣ мешавад. Дар акси ҳол нисбати шахсони гунаҳкор чораҳои қотеъона андешида мешавад.

Дар қимсати дигари барнома гуфта мешавад, ки аз ҷониби кормандони прокуратура дар якҷоягӣ бо 7 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасли қазия охир созмон дода шудааст.

Ҳамчунин, ду нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи рафти санҷиши ҳодиса баромад карда, таъкид мекунанд ки тафтишот дар доираи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон пеш меравад ва онҳо дар рафти тафтишот ширкат мекунанд.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.