Душанбе ва Анқара ба хотири рушди ҳамкориҳои низомӣ созишномаи тавофуқии дифоъ имзо карданд. Ин созишномаро вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ҳангоми сафараш ба Туркия бо ҳамтои туркии худ Хулуси Акар ба имзо расонидааст. Дар ин бора хабаргузории туркии "Анадолу", имрӯз 21-уми апрел хабар медиҳад.
Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ин созишномаи чаҳорчӯбӣ то кунун иттилои расмие нашр накардааст.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон бо як сафари расмӣ дар Туркия қарор дорад.
Хабаргузории туркӣ менависад, ки ба хотири ташрифи вазири тоҷик ба Анқара ва дидораш бо вазири мудофиаи Туркия Горди фахрии вазорати дифои ин кишвар саф оростаанд.
Манбаъ гуфтаст, ин ташриф бо даъвати вазири мудофиаи Туркия анҷом ёфт ва дар ҳошияи он миёни вазирони дифои Тоҷикистону Туркия бо мақсади рушди ҳамкориҳои низомӣ созишномаи чаҳорчӯбии ҳамкории дифоъ ба имзо расид.
Ба навиштаи ин расонаи туркӣ, вазири тоҷик бо ҳайати ҳамроҳаш бо Хулуси Акар масъалаҳои амнияти дуҷониба, минтақавӣ ва мудофиа, дурнамои ҳамкориҳоро низ баррасӣ кардаанд.
“Хулуси Акар таъкид кардаст, ки Туркия ва Тоҷикистон робитаҳои таърихиву фарҳангӣ ва дини муштарак доранд. Вай гуфтааст, ки Анқара ба мубодилаи таҷриба бо Тоҷикистон дар масъалаи таъмини ҳифзи сарҳад ва мубориза бар зидди терроризм омода аст”.

Ҳарчанд манбаъ дар бораи ҷузъиёти созишнома чизе нагуфтааст, вале солҳои ахир кишварҳои минтақа ба паҳпод (тайёраҳои бесарнишин)-ҳои истеҳсоли Туркия, ки бо номи "Байрақтар" маъруфанд, таваҷҷуҳи хос доранд.
Вазири мудофиаи Туркия ҳамзамон муҳимияти ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишварро дар соҳаи таҳсилоти низомӣ арзёбӣ кардааст.
Пас аз истиқболи расмӣ, Хулуси Акар ва Шералӣ Мирзо ба макони фармондеҳии қуваҳои заминии Туркия ворид шуда дар ин ҷо мавзуйҳои марказиро баррасӣ кардаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Дар Тоҷикистон тартиби нави баргардонидани ААИ муқаррар шуд
Нархи “солярка” дар Тоҷикистон якбора боло рафт
«Раҳими Ғармӣ» ба ҳадя кардани хонаҳо идома медиҳад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маоши ҳадди ақал аз $38 то $57 боло рафт
Давоми 1 рӯз дар Душанбе 24 корд ва 4 электрошокер мусодира шуд
Дастурҳои президент ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет
“Хуҷанд” ба даври финали минтақавии Ҷоми КФО-2022 роҳ ёфт
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаи муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳанд
Як зодаи Тоҷикистон барои интиқоли пул ба ДОИШ 9 сол зиндонӣ шуд
Вокуниши Кумитаи андоз ба мақолаи «Буҷети Тоҷикистон садҳо миллион сомониро аз даст медиҳад. Ва имрӯз сухан дар бораи кормандони андоз»
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста