Қарор аст дар душанбе як конфронси амниятии байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон баргузор шавад. Дар ин бора "Афғонистон интернейшнл" бо такя ба рӯзномаи ҳиндии "The Times of India" хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ин конфронси дурӯза бо мизбонии Тоҷикистон баргузор мешавад ва қарор аст он рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи ҷорӣ оғоз шавад.
Манбаъ менависад, ки дар ин нишасти амниятӣ намояндагони Ҳинд, Русия, Чин ва Эрон ширкат мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то кунун дар бораи ин нишасти амниятӣ маълумоте нашр накардааст.
Рӯзномаи "The Times of India" навиштааст, ки Ҳинд дар ин конфронс бори дигар бар ташкили як ҳукумати фарогир таъкид мекунад.
Ба навиштаи ин рӯзнома Аҷет Дуол, мушовири амнияти милии Ҳинд низ дар ин ҷаласа ширкат хоҳад кард.
Манбаъ навиштааст, ки ба ҷуз кишварҳои Русияву Чину Ҳинду Эрон аз кишварҳои дигари Осиёи Миёна ҳам даъват шудааст, ки дар ин нишасти амниятӣ ширкат кунанд. Аммо дар ҳоли ҳозир мушаххас нест, ки онҳо ширкат мекунанд ё не.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста