Русия намехоҳад, ки ҳудуди 100 ҳавопаймо ва чархбол, ки соли гузашта низомиёни афғон бо онҳо ба Ӯзбекистону Тоҷикистон фирор карда буданд, ба Украина интиқол дода шаванд. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба РИА Новости намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон, мудири департаменти дуюми Осиёи ВКХ Русия Замир Кобулов изҳори назар кардааст.

“Ба Украина нарасидани чархболу ҳавопаймоҳое, ки дар қаламрави Ӯзбекистону Тоҷикистон пас аз бо онҳо фирор кардани низомиёни афғон дар ин кишварҳо қарор гирифтанд, барои мо муҳим аст”, - иброз доштааст вай.

Ба гуфтаи Кобулов, даҳҳо чархболу ҳавопаймо, аз ҷумла ҳудуди 60 адад ба Тоҷикистон ва 40-50 адади онҳо ба Ӯзбекистон оварда шудаанд.

Замир Кобулов
Сурат: ТАСС

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳамин моҳ Вазорати дифои “Толибон” бори дигар аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дархост намуд, ки, чархболҳои ҳукумати қаблии Афғонистон, ки дар замони суқути ҷумҳурӣ ба ин кишварҳо бурда шудаанд, ба ҳукумати муваққати “Толибон” баргардонида шаванд.

Нимаи моҳи августи соли гузашта замони сари ҳокимият омадани “Толибон” халабонҳои афғон қариб бо 50 ҷархболу ҳавопаймо ба Ӯзбекистон ва бо қисмати дигаре аз он ба Тоҷикистон фирор карданд.

Ба иттилои намояндаи Вазорати дифои ИМА, майори артиш Роб Лодевик, то 21 августи соли гузашта дар Ӯзбекистон 46 адад ва дар Тоҷикистон - 18 адад техникаи авиатсионӣ, аз ҷумла чархболҳои Ми-17, UH-60 ва ҳавопаймоҳои PC-12, C-208, AC-208 ва A-29 қарор доштанд.

Охири моҳи апрели соли ҷорӣ намояндаи махсуси президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Эргашев изҳор дошт, ки ин кишвар чархболу ҳавопаймоҳои низомии дар қаламраваш қарордоштаро ба мақомомти ИМА бармегардонад.

Дар ҳамин ҳол, моҳи июн фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла дар пайи як сафараш ба Тоҷикистон гуфта буд, ки “бо вуҷуди таҳдиду талабҳои чандинкаратаи Толибон оид ба баргардонидани онҳо, чархболҳо ба Толибон баргардонида намешаванд, зеро ба онҳо тааллуқ надоранд”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.