Нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, бо нашри изҳороти навбатӣ хабарҳои нашршуда дар бораи ҳузури ҷангиёни ришдори сиёҳпӯш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро рад кард ва гуфт, он аз ҳақиқат дур буда, иғвои навбатӣ аз сӯйи расонаҳои қирғиз аст.
Дар изҳороти сеюми Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки имрӯз дар хабаргузории АМИТ “Ховар” нашр шуд, гуфта мешавад, ки кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон то соати 11:10-и имрӯз, 16-уми сентябр, натиҷа надодааст.
“Зеро тарафи Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома дода, аз роҳи ҳалли қазия тариқи гуфтушунид сарпечӣ мекунад. Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд», — омадааст дар иттилоия.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ба замми ин, ҷониби Қирғизистон тавассути шабакаҳои интернетӣ, дар идомаи муноқиша Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ мешавад, ки асоси воқеӣ надорад.
“Онҳо бо роҳи иғво дар расонаҳои қирғизӣ хабари истифода шудани ҷангиёни ришдорро бо либоси сиёҳпӯши бенишон паҳн кардаанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Маҳз аз тарафи низомиёни қирғиз воҳидҳои таъйиноти махсус истифода шуда истодаанд, ки далели собитгардида мебошад”, - гуфтааст ин ниҳод.
Нерӯҳои марзбонӣ мегӯяд, маълумоти иғвоангезе, ки аз ҷониби Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида истодаанд, мақсаднок ба мураккабтар намудани вазъият дар хати сарҳади давлатии ду кишвар нигаронида шудаанд.
Манбаъ гуфтааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад
Чанде пештар, Неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфта буд, ки Қирғизистон ду маротиба пешниҳоди гуфтушуниди сулҳро қабул накард ва сарбозони қирғиз аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматиро таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод, ки дар натиҷа як марзбони тоҷик кушта ва чанде захмӣ шуданд.
Мақомоти Қирғизистон аз захмӣ шудани 18 нафар хабар медиҳанд.





Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста