Пас аз даҳ соати даргирии мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар, мулоқот ва барои эълони оташбас мувофиқа кардаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд бо нашри чанд акс аз раванди гуфтушунид навиштааст, ки гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон дар дидбонгоҳи гумрукии "Равод", дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон вохӯрдаанд.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ҳамзамон вазирони корҳои дохилии ду кишвар, раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон ширкат варзиданд.
Зимни гуфтушунид ҷонибҳо аз зарурати эълони оташбас изҳори назар намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон карда шавад, - гуфта шудааст дар иттилоия.
Ҷониби Тоҷикистон аз замони мушаххаси оташбас иттилоъ намедиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки имрӯз, соати 16:00 бо вақти Бишкек ва 15:00 бо вақти Душанбе, тирпаронӣ қатъ карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод, ки дар натиҷа як марзбони тоҷик кушта ва чанде захмӣ шуданд.
Мақомоти Қирғизистон аз захмӣ шудани 42 нафар хабар медиҳанд.
“Гуфт, занҳоро назанед, куҷое хоҳед имзо мекунам”. Шикояти пайвандони яке аз муттаҳамони куштори оилаҳо дар Конибодом
Дар Душанбе беҳтарин мураббӣ, омӯзгор, табиб ва беморхонаву боғи фарҳангиро муайн карданд
“Шарҳре, ки дӯст медорем”. Андешаи сокинон дар бораи Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 апрели соли 2025
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста