ВКД-и Тоҷикистон гуфт, дирӯз, 16-уми сентябр, баъди эълони оташбас, Қирғизистон бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба мактаби миёна ва хонаҳои истиқоматии сокинони осоиштаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара ҳамла кард.
"Аз ҷумла, 16-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 17:20, дар ҷамоати деҳоти «Овчӣ-Қалъача»-и ноҳияи Б.Ғафуров бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин масҷиди ҷомеъ, ки дар паҳлӯи МТМУ №8 ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача ҷойгир аст, хароб карда шудааст. Ҳамчунин, дар ин минтақа даҳҳо хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, марказҳои хизматрасонӣ, нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ мавриди ҳамлаи ҳарбиву низомӣ қарор гирифтааст”, - зикр мегардад дар изҳорот.
Таъкид мегардад, ки осори ҳамла ва изи силоҳу лавозимоти ҷангии низомиёни Қирғизистон ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия сокинони маҳаллиро нигарон кардааст.
Гуфта мешавад, ки то эълони оташбас қувваҳои ҳарбию низомии ҷониби Қирғизистон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ, Ворух ва деҳаи Чорқишлоқ ба бетартибӣ роҳ дода, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандонро валангор ва ҳаёти осоиштаи онҳоро халалдор кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 16-уми сентябр, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон низ бо нашри изҳорот, аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин иттилоъ дода буд.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста