Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, ки Толибон 16 узви раҳбари гурӯҳҳои террористиву экстримистиро дар вилоятҳои шимолу шарқи ин кишвар мустақар кардаанд.
Ҷабҳаи муқовимат рӯзи якшанбе, 25-уми сентябр, бо нашри як хабарнома гуфт: “Ҳоҷӣ Фирқон, раҳбари ҷунбиши исломии "Туркистони шарқӣ*", Мавлавӣ Иброҳим, масъули "Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон*", Шайх Зокир, масъули "Таҳрики исломии Ӯзбекистон*” ва Абдулҳақ Уйғурӣ, масъули шохаи "Ал-қоида*" дар шимоли Афғонистон, 20-уми августи соли 2022 ба Кобул омаданд ва дар кӯчаи ба номи вазир Акбар Хон, дар ҳавилии Ҳоҷӣ Афзал, ки узви шабакаи "Ҳаққонӣ*" аст, се рӯзро сипарӣ карданд”.
Ба гуфта Ҷабҳаи муқовамат, ин раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати корҳои дохилаи Афғонистон, дидор ва тавофуқ кардаанд, ки то шаш моҳи оянда 50 дарсад аз тамоми ҷангҷуёни хориҷӣ ба Осиёи Миёна оварда шаванд.
Ҷабҳа гуфтааст, бар бунёди тасмимҳо ва хулосаҳое, ки дар хонаи Ҳаққонӣ анҷом шуд, қарор аст шумори зиёди ҷангҷуён аз кишварҳои арабӣ ва кишварҳои минтақа вориди хоки Афғонистон шаванд.
Гуфта мешавад, Мавлавӣ Иброҳими тоҷик аз сӯи шабакаи "Ҳаққонӣ" масъули умумии шабакае аз ҷангҷуёни хориҷӣ таъйин шудааст, ки бо "ДОИШ*" иртиботи зиёд дорад.
"Аз сӯе ҳам Мавлавӣ Иброҳим, раҳбари ҷамоати "Ансоруллоҳи Тоҷикистон" ва масъули шохаи "ДОИШ" дар шимоли Афғонистон дар охири моҳи август дар шаҳристони Имом Соҳиб дида шудааст", - афзудааст Ҷабҳаи муқовимат.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Тоҷикистон аз ҳузур ва таҷаммӯъи густурдаи террористон дар Афғонистон дар Маҷмаи Умумии СММ иброз нигаронӣ кард.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Афғонистон босуръат дар ҳоли табдилёбӣ ба як паноҳгоҳи амн барои гурӯҳҳои террористӣ ва ҷастгоҳ барои густариши ифротиёни тундгарои Толибон қарор дорад.
"Мо корҳои муназзамро оид ба интиқоли гурӯҳҳои мусаллаҳи муташаккили размандагон аз ҳисоби зодагони Осиёи Марказӣ ба шимоли Афғонистон мушоҳида дорем, ки иттиҳод ва бунёди мабдаи нави таниш дар наздикии сарҳадҳои моро ҳадаф қарор додааст," - нигаронӣ кард вазири Тоҷикистон.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста