Аъзои кумитаи умури байналхалқӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон рӯзи 3-юми октябр тарҳи қонунеро баррасӣ карданд, ки имкон медиҳад, "дар ҳолатҳои изтирорӣ" ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилоятҳои Бодканд ва Ӯши он кишвар аслиҳа дода шавад.
Вакили порлумон Марлен Маматалиев гуфт, тасмим гирифта шудааст, ки ҳамаи ташаббусҳои вакилон баъди низоъ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, дар як санад гирдоварӣ шавад.
Ба гуфтаи вай, ҳоло пешниҳод аст, ки ба 4 қонун - "Дар бораи омодагии басиҷ ва басиҷи низомӣ дар Қирғизистон", "Дар бораи уҳдадориҳои ҳатмии ҳарбии шаҳрвандони Қирғизистон", "Дар бораи аслиҳа" ва "Дар бораи масъулони марз" тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.
"Баъди ҳодисаҳои вилояти Бодканд мо бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кардем. Онҳо мехоҳанд, ки имкони ихтиёран басиҷ шуданро дошта бошанд. Онҷо шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба шикор машғуланд, омодагии низомӣ доранд. Ҳамчунин мо мехоҳем, ба қонунҳо тағйирот ворид кунем ва ба ин тартиб, дар ҳолатҳои алоҳида ба касоне ҳам силоҳ дода шавад, ки таҷрибаи низомӣ надоранд. Аммо ин маънои онро надорад, ки якбора ба ҳама силоҳ диҳанд, тарбит ва раванди онро бояд вазорати корҳои дохилӣ танзим кунад", - гуфт вакил.
Баъди баҳсу баррасӣ ин тарҳи қонун дар кумитаи мазкури порлумони Қирғизистон қабул шудааст.
Равобити Душанбе ва Бишкек дар як соли ахир пурмушкил шудааст. Далели тира шудани равобити Тоҷикистону Қирғизистон сар задани муноқишаҳои пайиҳам дар марзи ду кишвар гуфта мешавад. Аз ҷумла дар даргирии рӯзҳои 14-17 сентябр аз ҳарду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Ҳарду тараф якдигарро дар ин кор гунаҳкор мекунанд.
ФИФА хариди футболбози навро ба дастаи “Равшан” манъ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 1
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2025
Муҳлати боздошти 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус” бори шашум дароз карда шуд
“Тоҷикистон куштори бераҳмона дар Ғаззаро маҳкум мекунад”. Вазири корҳои хориҷӣ аз вазъи Фаластин ва Афғонистон нигаронӣ кард
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Сабақҳои зилзила. Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баъди заминларзаҳо чӣ иқдом рӯйи даст гирифтанд?
Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста