Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба ҷараёни гуфтушунид бо Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсии сарҳади давлатӣ изҳори назар кард.

Тавре ки 24.kg хабар медиҳад, Тошиев аз натиҷаҳои сафараш ба Тоҷикистон каме рӯшанӣ андохта, иброз доштааст, ки айни замон баррасии масъалаҳо дар гуфтушунидҳо хуб ҷараён дорад.

“Барои ҳаллу фасли масъалаҳо талош варзида истодаем. Агар пештар инро карда наметавонистему ҳар кас ба фикри худаш истодагарӣ мекард, ҳозир забон ёфта истодаем. Ба гузаштҳо омодаем. Мо пешниҳод карда истодаем, ки шумо ин қитъаи заминро гиред, мо инашро", - хабар додааст Тошиев.

Раиси КДАМ Қирғизистон илова намудааст, ки ояндаи наздик як ҳайати сершумори Тоҷикистон ба Бишкек меояд.

“Баъд ба мувофиқасозӣ оғоз намуда, созишнома имзо мекунем, Сипас ба Жогорку Кенеш (парлумон) пешниҳод ва баррасӣ мекунем, вакилон санадро тасдиқ карда, сарони кишварҳо ба имзо мерасонанд. Мушкили ҳар ду кишвар ҳал мешавад”, - хулоса кардааст Тошиев.

Бино ба маълумоти КДАМ ҶТ, 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир –  Раиси КДАМ Қирғизистон ҷаласаи навбатӣ оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаҳои он санади дахлдор ба имзо расид. Дар бораи ҷузъиёти ҷаласа хабар дастрас набуд.

Ҳамчунин чанде пеш Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон ваъда дода буд, ки тарҳи созишнома дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон то Соли нав омода ва ба парлумони ин кишвар пешниҳод мешавад.

“Худо хоҳад, масъалаи марз бо Тоҷикистонро ҳал мекунем. Агар монеа набошад, то Соли нав тамом мекунем. Мо бояд бо чаҳор кишваре, ки бо онҳо ҳамсарҳадем, дар ҳамфикрӣ ва дӯстӣ зиндагӣ кунем. Ягон шаҳрванд ва сарбоз набояд кушта шавад. Пеш аз ҳама, мо бояд дар ин бора андеша кунем”, - изҳор дошта буд сарвари давлати Қирғизистон дар парлумон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.