Ҳайти Тоҷикистон бо сардории Насрулло Маҳмудзода, котиби Шӯрои амнияти кишвар дар нишасти дабирони шӯрои амнияти миллии кишварҳои минтақа оид ба вазъи Афғонистон, ки рӯзҳои наздик дар Маскав баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хорҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Манбаъ гуфт, нишаст ҳафтаи равон дар Маскав баргузор хоҳад шуд.

Қаблан, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон*, аз масъулини ин нисшат хоста буд, ки “бояд дар ин нишаст Афғонистон ширкат кунад ва аз мавқеъи худ дифоъ намояд”.

“То ҳоло аз Иморати исломӣ даъват нашуда, вале дар нишастҳое, ки дар он мавзӯи Афғонистон баҳс мешавад, бояд Афғонистон ширкат кунад ва аз мавқеъи худ дифоъ намояд”,- гуфтааст ӯ дар суҳбат бо “Тулӯънюз”.

Ӯ изҳори умедворӣ крад, ки дар ин нишаст дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати сарпараст гуфтугӯ шавад.

Пеш аз ин Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон ба хабаргузори “ТААС” гуфта буд, ки интизор меравад дар ин нишаст, ки оид ба Афғонистон баргузор мешавад, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон ширкат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27 майи соли гузашта дар Душанбе даври чаҳоруми машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амниятӣ оид ба мушкили Афғонистон баргузор шуда буд.

Маскав дар беш аз якуним соли гузашта, ду бор нишасти “Формати Маскав”-ро оид ба вазъи Афғонистон баргузор кардааст, ки иштирокчиёни он дар бораи эҷоди ҳукумати фарогир, гуфтумони миллӣ, риояти ҳуқуқ башар ва оштии миллӣ баҳс кардаанд.

Гуфта мешавад, ки нишасти навбатии “Формати Маскав” моҳи март дар Ӯзбекистон баргузор хоҳад гашт.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон пешшартҳое аз қабили ташкили ҳукумати фарогир, риояи ҳуқуқи башар ва ҳаққи таҳсил ва кор ба духтарону занон гузошта буд, аммо бар хилофи ваъдаҳояшон Толибон тайи якунимсол пайваста ҳуқуқҳои занонро саркӯб мекунанд. Имрӯз занони Афғонистон аз ҳаққи кор ва духтарон аз ҳаққи таҳсил маҳрум мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.