Соли гузашта 85 аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, боздошт ва ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, ки ин нисбат ба соли 2021-ум 35 нафар зиёд мебошад: соли 2021-ум 50 нафар боздошту ба ватан оварда шуданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 15-уми январ аз афзоиши шомил шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ нигаронӣ кард ва оморе, ки ӯ дар робита ба ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта бо ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод намуд, назар ба соли 2021-ум дар ҳоли афзоиш аст.

Ӯ аз ҷумла гуфт, соли 2022-юм 247 аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангӣ ба хоҳиши худ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, ки ин нисбат ба соли 2021-ум беш аз 170 нафар зиёд мебошад. Ин омор дар соли 2021-ум 75 нафар буд.

Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин афзуд, аз соли 2015 инҷониб бо роҳҳои таъсиррасонӣ 1 ҳазору 30 аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангӣ ба ватан баргардонида шуда, бо онҳо мунтазам чораҳои профилактикӣ гузаронида мешавад.

Зимни нишаст маълум гардид, ки омори маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва пешгирии амалҳои террористӣ низ назар ба як соли пеш афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, соли 2022-юм 24 ҳолати маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ба ҳисоб гирифта шуда, 31 амали террористӣ пешгирӣ карда шудааст.

Рамазон Раҳимзода
Asia-Plus

Ин дар ҳолест, ки соли 2021-ум 15 ҳолати маблағгузории терроризм ба қайд гирифта шуда, аз 2 амали террористӣ пешгирӣ гардида буд.

Вазир нагуфт, ки ин амалҳои террористӣ аз ҷониби аъзоёни кадом ташкилотҳо тарҳрезӣ шуда буданд.

Зимнан, соли 2022 ошкоркунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ кам шуда бошад ҳам, вале шумораи аъзо ва ҷиноятҳое, ки онҳо содир кардаанд зиёд шудааст.

Рамазон Раҳимзода иттилоъ дод, ки соли гузашта, 55 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 166 нафар барои содир намудани 236 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли  2021-ум 75 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 176 нафар барои содир намудани 167 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд.

Дар соли гузашта боздошти аъзоёни ташклотҳои террористиву экстремистӣ ҳам афзудааст. Агар соли 2021-ум мақомоти корҳои дохилӣ 339 нафарро барои содир кардани 311 ҷиноят боздошт карда бошад, пас ин рақам дар соли 2022-юм 365 нафар аст, ки 81 нафари онро ҷавонон ташкил медиҳад.

Рамазон Раҳимзода яке аз омилҳои асосии шомилшавии зиёди ҷавонон ба ташкилотҳои террористиву эктремистиро надоштани тафаккур ва ҷаҳонбинии возеҳ, саводи кофӣ, дур мондан аз таълиму тарбия ва беназоратии волидайн, бекорӣ ва истифодаи шабакаҳои интернетии хурофотӣ унвон кард.

Ӯ гуфт, ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои ҷалби ин гуна нафарон ҳама роҳу воситаҳоро истифода карда, равияҳои гуногуни диниро асос меоранд.

Дар нишасти матбуотии соли 2022-юм Рамазон Раҳимзода яке аз омилҳои шомилшавии зиёди шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористиву эктремистӣ дар соли 2021-умро таълиму тадриси ғайриқонунии динӣ дар муаассисаҳои таълимии хориҷа унвон карда буд.

Дирӯз, вазири корҳои дохилӣ, ҳамчунин, аз афзоиши шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар Афғонистон баъди омадани ҳаракати “Толибон”* ба сари қудрат нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, баъди он ки “Толибон”* уҳдадории худро дар самти мубориза бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ иҷро накарданд, ин гуруҳҳо ба тақвияти сафи худ аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои дигар шуданд.

“Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гуруҳҳои зикргардида дар Афғонистон шомил шудаанд, дар қайд ҳастанд. Назорат мешаванд ва дар кофтуковҳои байналмилалӣ қарор доранд”, - гуфт Раҳимзода.

Ӯ зикр кард, ки дар самти пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ корро тақвият мебахшанд.

Вазири умури дохила ҳамчунин, фаъолияти мақомотро дар самти мубориза бо таълимоти ғайриқонунии динӣ назаррас арзёбӣ кард ва гуфт, дар соли гузашта 36 ҳолати таълимоти ғайрирасмии динӣ ошкор гардида, 8 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷа таълимоти ғайриқонунии динӣ мегирифтанд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Соли 2021-ум мақомоти умури дохилӣ 50 ҳолати таълимоти динии ғайрирасмиро пешгирӣ карда буданд.

Вазъ ҳамчунин дар самти мусодираи силоҳи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ аз аҳолӣ низ беҳтар шудааст. Масалан, агар соли 2021-ум мақомот аз аҳолӣ 652 силҳи оташфишон мусодира карда бошанд, ин омор дар соли 2022-юм 500 ададро ташкил дода, 152 адад кам шудааст. Ӯ гуфт, аксари силоҳи оташфишон аз сокинони ВМКБ мусодира шудааст: беш аз 300 силоҳи оташфишон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.