Имрӯз, 13-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Қасри миллат Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омада буд, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот Имангалӣ Тасмагамбетовро ба муносибати дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъин шуданаш табрик гуфтааст.
Ҳамчунин, ҷонибҳо вазифаҳои имрӯзаи Созмонро баррасӣ карда, баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалиро муҳокима намудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ҳамёриро дар самти сиёсӣ, тавсеаи фаъолияти байналмилалии СААД, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомию иқтисодиро махсус таъкид кардааст.
“Ҳамчунин, аҳаммияти пурзӯр намудани кори ҳамаҷониба ҷиҳати муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳо ба амният, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид”, - афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо таҳкими минбаъдаи тавонмандии СААД-ро барои мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои мавҷуда муҳим арзёбӣ карданд.
Зимни суҳбат доир ба вазъи Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифтааст.
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Амрико теъдоди ғолибони “Green Card-2025”-ро эълон кард. Аз Тоҷикистон чанд кас баранда шуд?
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста