Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКХ) бо нашри изҳороти хос аз амали ғайриқонунии сарҳадшиканӣ ва террористӣ, ки имрӯз, 26-уми апрел, дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд, изҳори нигаронии амиқ кард.
Ин ниҳод навишт, ки 26 апрели соли равон 2 аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон хати сарҳади давлатиро аз қаламрави Афғонистон дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ убур намуданд.
“Ҳарду террорист аз ҷониби неруҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон безарар гардонида шуда, нақшаи муғризонаи онҳову ҳомиёнашон бар бод дода шуд”, - навишт ин ниҳод.
Дар идомаи изҳороти худ ВКХ менависад, ки “аз ин амали ғайриқонунии сарҳадшиканӣ ва террористӣ изҳори нигаронии амиқ намуда, онро шадидан маҳкум мекунад ва иброз медорад, ки сарҳади Тоҷикистон бо қудрати том ҳифз карда мешавад ва нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ба ҳар шахс ё гуруҳе, ки дар фикри вайрон кардани он мебошанд, посухи муносиб ва сареъ хоҳанд дод”.
Қабл аз ВКХ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри изҳорот аз пешгирии сарҳадшиканӣ ва амали террористӣ дар сарҳади кишвар бо давлати Афғонистон хабар дода буд.
Ин ниҳод навиш, ки субҳи имрӯз, 26 апрел, дар як изҳороти худ гуфт, ки ду аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба таври ғайриқонунӣ убур намудаанд.
“Ҳарду террорист аз ҷониби неруҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон безарар гардонида шуданд”, - навишт КДАМ.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид.




Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста