Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар Судон, кишвари африқоие, ки чанде пештар дар он оташи ҷанги дохилӣ аланга гирифт, ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон расман ба қайд гирифта нашудааст, аммо ба ҳар эҳтимол Сафорати кишвар дар Миср вазъро зери назорат гирифтааст.
“То имрӯз ба ВКХ ягон муроҷиат вобаста ба ҳузур доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари Судон ворид нашудааст", - афзуд Шоҳин Самадӣ, сухангӯи ВКХ ба “Asia-Plus”.
Ӯ гуфт, Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба таври муваққат ё убурӣ дар Судон қарор дошта метавонанд, телефони боварии шабонарӯзӣ фаъол намудааст: (+20 11 14 75 10 31 WhatsApp).
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар Судон, як кишвари африқоӣ миёни Артиши доимӣ ва Нерӯҳои зудамал муноқиша сар зад. Муноқишаи мазкур самараи вазъи душвори сиёсиву низомии ин кишвар пас аз табаддулоти соли 2021 мебошад.

Соли 2021 дар Судон табаддулоти давлатӣ шуд ва президенти ин кишвар Умар – ал - Башир пас аз 32 соли идораи давлат, аз қудрат дур карда шуд. Идораи давлат ба зиммаи Шӯрои генералҳо гузашт.
Дар ин Шӯро ду генерали пуртаъсир - Абдулфаттоҳ ал-Бурҳон, роҳбари Артиши Судон ва Муҳаммад Ҳамдан Дагало, фармондеҳи Нерӯҳои зудамал низ шомил шуданд, ки аслан давлатро идора мекарданд.
Ин Шӯро ваъда дода буд, ки тадриҷан идораи давлатро ба ғайринизомиён месупорад.
Пас аз ду соли фаъолияти ин Шӯро, миёни ин ду генерали пуртаъсир дар масъалаи таҷдиди сохтори давлатӣ, мушаххасан дар робита ба ворид кардани Нерӯҳои зудамал ба сафи Артиши Судон ихтилофи назар эҷод шуд.
Ҳамин тавр, ин ду генерал вориди низои мусаллаҳона шуданд ва инак як ҳафта мешавад, ки дар Судон вазъи амниятӣ ноустувор ва хатарбор боқӣ мемонад.

Аз ҳар ду ҷониб садҳо нафар куштаву ҳазорон каси дигар захмӣ шудаанд.
Дар робита ба ин, аллакай, кишварҳои зиёд шаҳрвандони худро аз Судон тахлия карданд.
Созмонҳои байналмилалӣ аз ҳарду ҷониби даргир даъват кардаанд, ки вориди музокирот шаванд ва ба низои мусаллаҳона хотима бахшанд.
Рустам Ятимов аввалин футболбози тоҷик аст, ки дар финали Ҷоми Русия бозӣ мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 2
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 майи соли 2025
“Орзуи давлати пирӣ дошт”. Писари Аловуддин Абдуллоев аз нақшаҳои бозмондаи падар ва идомаи роҳи ӯ гуфт
“Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад…” Абулқосим Фирдавсӣ кӣ буд ва оё аз “Шоҳнома”-и ӯ байте медонед?
Раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе аз сохтмони Театри миллӣ ва корхонаи “Акиа Авесто” боздид карданд
Барқи Осиёи Марказӣ: чаро он то ҳол "сабз" нест?
Марде, ки зану хушдоманашро бо табар кушта буд, 25 сол равонаи зиндон шуд
Як ҳайат аз Афғонистон барои ширкат дар нишасти “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста