Рӯзи 21 май гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аз 104 нафар (29 оила) бо шумули занон, наврасон ва тифлони хурдсол тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.
Тавре ки ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе онҳоро муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, ёвари президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Гуфта мешавад, бо дархости ҷониби қазоқистонӣ, ҳамчунин панҷ шаҳрванди ин кишвар (як зан ва чор фарзанди ӯ) низ аз Сурия бароварда шуданд.
"Раванди баргардонидани тоҷикистониёне, ки дар лагерҳои гурезагони Ироқу “Сурия қарор доранд ҳанӯз се сол қабл бо дастури бевоситаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда буд”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Таъкид мешавад, ки дар ин муддат Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо мақомоти зирабти Тоҷикистон ва Сурия ҷиҳати амалисозии ин иқдоми башардӯстона ба натиҷаҳои амалӣ даст ёфт.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста