Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ ба оромгоҳи Шоҳчароғи Эрон, ки боиси кушта шудани 4 нафар ва захмӣ гаштани 8 тани дигар гардид, шадидан маҳкум мекунад. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми август, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ дар робита ба даст доштани як шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҳамла афзуд, ҳанӯз аз ҷониби Эрон вобаста ба ин ҳодиса маълумоти расмӣ нагирифтаанд ва дар бораи даст доштани шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҳамла аз манбаъҳои иттилотӣ огоҳ шудаанд.
“Ҳодисаи террористӣ дар Шоҳчароғи Шерозро мо шадидан маҳкум мекунем. Дар зимн ба наздикони фавтида сабри ҷамил ва замиён шифои комил мехоҳем. Вобаст ба ин амали террористӣ гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бисёр бомаврид аст: “террорист ватан, миллат ва дин надорад”. Ӯ дар куҷое бошад ҷинояткор, яъне тероррист аст ва бояд маҳкум шавад”, - изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.
Номбурда гуфт, дар сурати ироа шудани дархости расмӣ, мақомоти марбута дар ин самт ҳамкориро ба роҳ мемонанд.
Зимнан, вазир илова кард, ки ин амали мудҳиш ба муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ягон таъсир намерасонад.

Ба гуфтаи ӯ, муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва дигар пайвандҳои ногусастанӣ миёни мардумони Тоҷикистон ва Эрон хеле бештар аз он аст, ки кадом як омили ҷиноятиву террористӣ тавони таъсир ба онҳоро дошта бошад.
“Баръакс, дӯстиву ҳамгироӣ ва муборизаҳои муштараки моро бо терроризм ва дигар таҳдидҳои муосир собит месозад”, - афзуд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки 13-уми август дар натиҷаи як ҳамлаи террористӣ ба оромгоҳи Шоҳчароғи Эрон 4 нафар кушта, 8 тани дигар захмӣ шуданд.
Хабаргузории эронии “Тасним” менависад, ки нерӯҳои истихбороти Эрон то кунун 10 нафарро дар иртибот бо ҳамлаи маргбори ин макони мазҳабии Шероз боздошт кардаанд.
“Ҳамаи гумонбарони боздоштшуда шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Яке аз он дастгиршудагон шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ҳангоми бозпурсии аввал бо номи Раҳматуллоҳ Наврӯзов муаррифӣ шуд”, - гуфтааст як масъули истихбороти Эрон.
Моҳи октябри соли гузашта низ ба мақбараи Шоҳчароғ ҳамлаи террористӣ сурат гирифта, дар натиҷа 13 нафар ҳалок ва 40 каси дигар ҷароҳат бардошта буданд. Он замон ҳам мақомоти Эрон гуфта буданд, ки яке аз ҳамлагарон шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Комрон Субҳонӣ аст ва акси шиносномаи хориҷии ӯро нашр карда буданд, ки аз ҷониби ШКД шаҳри Ҳисор дода шудааст.




Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста